Сокини Хатлон барои таҳияи ду ғизо дар тӯйи духтараш ҷарима шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский праздничный стол - дастархан
Таджикский праздничный стол - дастархан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тӯйи духтараш ду намуд ғизо таҳия кард, ки дар натиҷа барои нақзи Қонуни танзим ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои нақзи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Додситонии кули Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, падари хонавода дар манзили истиқоматияш аз соати 10:00 то 13:00 маъракаи туйи духтарашро бо додани ду намуд таъом, як дег шурбо ва як дег ош гузаронидааст.
Дар ҳамин ҳол, прокурори ноҳияи мазкур нисбати ӯ бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз гардида, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол намудааст.
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар барои нақзи Қонуни танзим ҷарима шуданд
Гуфта мешавад, бо қарори суд, нисбати сооҳиби маърака ҷарима ба андозаи 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5480 сомонӣ таъйин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни танзими анъана ва ҷашну ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд. Он хароҷоти молӣ ва шумораи меҳмонон дар маросим ва идҳоро танзим мекунад.
Бо вуҷуди ҷаримаҳои зиёд, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол қонуни давлатиро нақз мекунанд. Қобили зикр аст, ки нақзи қонун аз тарафи шахсони воқеӣ аз 100 то 110 нишондиҳанда ҷаримаро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷаримаи шахсони мансабдор аз 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз 800 нишондиҳанда муаян шудааст.
Лентаи хабарҳо
0