https://sputnik.tj/20220802/rahmon-brigadai-desant-nobudsozii-guruhhoi-musallah-1050430330.html
Раҳмон аз иштироки Бригадаи десантӣ дар нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфт
Раҳмон аз иштироки Бригадаи десантӣ дар нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тамрингоҳи Фахробод гуфт, Бригадаи десантӣ дар аксари амалиётҳои махсуси нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, иштирок доштааст
2022-08-02T14:13+0500
2022-08-02T14:13+0500
2022-08-02T16:23+0500
дар тоҷикистон
нерӯҳои мусаллаҳ
десант
эмомалӣ раҳмон
нобудсозӣ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_30715fa294094f66f3bb9f6edf25e3d2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии артиши кишвар гуфт, тайи 25 соли мавҷудияти ин сохтори низомӣ дар бисёр амалиётҳои махсуси безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки бо дасисаву дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанд вазъи кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд, иштирок кардаанд.“Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат то ба имрӯз содиқона ва сарбаландона иҷро намуданд”, -гуфт вай.Ҳамчунин вай афзуд, ки ин Бригада дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷасорату корнамоиҳои зиёд нишон додааст.Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки ҳукумати кишвар хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Бригадаи десантиро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва то ба ҳол зиёда аз 40 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
https://sputnik.tj/20220601/naqsha-jalb-navaskaron-ijro-1048841924.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_128:0:1945:1363_1920x0_80_0_0_01b87b51babbf0145d276a33dbe60f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомоалӣ раҳмон, раисҷумҳур, десан, бригада, гурӯҳҳои мусаллаҳ, ғайриқонунӣ, амалиёт
тоҷикистон, эмомоалӣ раҳмон, раисҷумҳур, десан, бригада, гурӯҳҳои мусаллаҳ, ғайриқонунӣ, амалиёт
Раҳмон аз иштироки Бригадаи десантӣ дар нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфт
14:13 02.08.2022 (Навсозишуда: 16:23 02.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тамрингоҳи Фахробод гуфт, Бригадаи десантӣ дар аксари амалиётҳои махсуси нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ иштирок доштааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии артиши кишвар гуфт, тайи 25 соли мавҷудияти ин сохтори низомӣ дар бисёр амалиётҳои махсуси безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки бо дасисаву дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанд вазъи кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд, иштирок кардаанд.
“Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат то ба имрӯз содиқона ва сарбаландона иҷро намуданд”, -гуфт вай.
Ҳамчунин вай афзуд, ки ин Бригада дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷасорату корнамоиҳои зиёд нишон додааст.
“Дар ҷараёни муҳорибаҳо ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ даҳҳо нафар афсарону сарбозони неруҳои десантӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёди мо фаромӯш нахоҳад шуд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки ҳукумати кишвар хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Бригадаи десантиро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва то ба ҳол зиёда аз 40 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.