https://sputnik.tj/20220801/qat-faoliyat-hazor-sohibkor-tojikiston-1050408444.html
Қатъи фаъолияти ҳазорҳо соҳибкор тайи 6 моҳ дар Тоҷикистон
Қатъи фаъолияти ҳазорҳо соҳибкор тайи 6 моҳ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон майли афзоиш дорад, бархе аз соҳибкорон дар дохил фаъолияташонро қатъ кардаанд
2022-08-01T17:00+0500
2022-08-01T17:00+0500
2022-08-01T17:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоя
соҳибкор
қатъ
фаъолият
кумитаи сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103145/36/1031453645_0:82:3092:1821_1920x0_80_0_0_68325a327cdf531b01342122303dd6cf.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли равон беш аз 3,6 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъро намуданд, хабар дод Саъдӣ Қодирзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи қатъи фаъолияти 3 677 субъекти соҳибкорӣ гуфт, он омилҳои гуногун дорад. Раиси кумита кӯҳна будани технология, надоштани саводнокии молиявӣ, мувофиқ набудани маҳсулот ба талаботи замонро аз омилҳои асосии қатъи фаъолият намудани суҳбъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар хонд.Дар маҷмуъ ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон теъдоди умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли равон ба 338 ҳазор расидааст. Дар ҳамин ҳол ниҳоди мазкур аз афзоиши таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди кишвар гузориш дод. Зикр гардид, ки тайи нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 173 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 50% афзоиш ёфтааст.Таъкид шудааст, ки қисми бештари сармоягузориҳои ҷалбшуда ба Тоҷикистон маблағи бахши хусусӣ мебошад.Аз ҳаҷми умумии сармояи ҷалбгардида ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 100,6 млн доллар сармоягузории мустақим мебошад, афзуд кумита.
https://sputnik.tj/20220727/ahmadzoda-sohibkor-uzbekiston-zamin-bekorkhobida-1050283278.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103145/36/1031453645_243:0:2974:2048_1920x0_80_0_0_c01c595a255c828e4017d33be4bac38d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, сабаб, қатъ, фаъолият, соҳибкорон, тоҷикистон
шарҳ, сабаб, қатъ, фаъолият, соҳибкорон, тоҷикистон
Қатъи фаъолияти ҳазорҳо соҳибкор тайи 6 моҳ дар Тоҷикистон
17:00 01.08.2022 (Навсозишуда: 17:51 01.08.2022) Дар ҳоле ки таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон майли афзоиш дорад, бархе аз соҳибкорон дар дохил фаъолияташонро қатъ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли равон беш аз 3,6 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъро намуданд, хабар дод Саъдӣ Қодирзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи қатъи фаъолияти 3 677 субъекти соҳибкорӣ гуфт, он омилҳои гуногун дорад.
Раиси кумита кӯҳна будани технология, надоштани саводнокии молиявӣ, мувофиқ набудани маҳсулот ба талаботи замонро аз омилҳои асосии қатъи фаъолият намудани суҳбъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар хонд.
Дар маҷмуъ ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон теъдоди умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли равон ба 338 ҳазор расидааст.
Дар ҳамин ҳол ниҳоди мазкур аз афзоиши таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди кишвар гузориш дод.
Зикр гардид, ки тайи нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 173 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 50% афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки қисми бештари сармоягузориҳои ҷалбшуда ба Тоҷикистон маблағи бахши хусусӣ мебошад.
Аз ҳаҷми умумии сармояи ҷалбгардида ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 100,6 млн доллар сармоягузории мустақим мебошад, афзуд кумита.