https://sputnik.tj/20220801/peshgiri-firori-qarzdor-uburi-marz-sughd-1050419645.html
Пешгирӣ аз фирори 48 қарздор ҳангоми убури марз дар Суғд
Пешгирӣ аз фирори 48 қарздор ҳангоми убури марз дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳе аз сокинони қарздори Суғд дар вақти убури марз дастгир шудаанд. Мақомот аз фирори онҳо пешгирӣ карда, наздик ба ним миллион сомонии қарзро рӯёнидаанд
2022-08-01T21:45+0500
2022-08-01T21:45+0500
2022-08-01T21:45+0500
дар тоҷикистон
суғд
боздошт
қарздиҳӣ
қарзҳо
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/30/1028473011_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_8b7aecf22372f5ed0b6967d7df65ade4.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Мақомоти Хадамоти иҷро дар бораи пешгирӣ аз кӯшиши ғайбзании як гурӯҳ қарздорон дар Суғд иттилоъ доданд.Амонзода Алиҷон Собир, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, дар нишасти хабарӣ гуфт, 48 нафаре, ки аз шумори сокинон, ки бо қарори додгоҳ қарздор эътироф шудаанд, қасди убури сарҳадро доштанд, вале ин амалкарди ғайриқонунии онҳо пешгирӣ карда шудааст.“Ин афрод бо роҳи фиреб ба берун аз кишвар рафтан мехостанд, вале ҳар кадоми онҳо дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардида, аз онҳо дар умум 435, 2 ҳазор сомонӣ маблағҳои бо санадҳои судӣ ва мақомот таъйингардида ба буҷҷаи давлат ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ руёнида шудааст” – афзуд сардори Раёсати Хадамоти иҷро.Бино ба иттилоъи ӯ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 561 нафар қарздорон қарор дар бораи муваққатан маҳдуд намудани сафари онҳо ба берун аз ҳудуди кишвар қабул гардидааст.Мақомот мегуянд, дар ин давра ба назорати иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суғд ва иҷрочиён дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ҳамагӣ 8217 адад ба маблағи беш аз 95 миллион сомонӣ мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини санадҳои судӣ ва санади мақомотҳо ворид гардида, аз ин теъдод 6502 адад ва ё 79 дарсад и санадҳо ба таври воқеӣ ба иҷро расонида шуда аз ин ҳисоб беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ руёнида шудааст.
https://sputnik.tj/20220801/sughd-habs-mujozotnasuporidani-aliment-1050419464.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/30/1028473011_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_40be6cfb512586320ce4bd7789dcf203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, қарздор, марз, боздошт, дастгир, қарз
тоҷикистон, суғд, қарздор, марз, боздошт, дастгир, қарз
Пешгирӣ аз фирори 48 қарздор ҳангоми убури марз дар Суғд
Гурӯҳе аз сокинони қарздори Суғд дар вақти убури марз дастгир шудаанд. Мақомот аз фирори онҳо пешгирӣ карда, наздик ба ним миллион сомонии қарзро рӯёнидаанд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Мақомоти Хадамоти иҷро дар бораи пешгирӣ аз кӯшиши ғайбзании як гурӯҳ қарздорон дар Суғд иттилоъ доданд.
Амонзода Алиҷон Собир, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, дар нишасти хабарӣ гуфт, 48 нафаре, ки аз шумори сокинон, ки бо қарори додгоҳ қарздор эътироф шудаанд, қасди убури сарҳадро доштанд, вале ин амалкарди ғайриқонунии онҳо пешгирӣ карда шудааст.
“Ин афрод бо роҳи фиреб ба берун аз кишвар рафтан мехостанд, вале ҳар кадоми онҳо дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардида, аз онҳо дар умум 435, 2 ҳазор сомонӣ маблағҳои бо санадҳои судӣ ва мақомот таъйингардида ба буҷҷаи давлат ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ руёнида шудааст” – афзуд сардори Раёсати Хадамоти иҷро.
Бино ба иттилоъи ӯ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 561 нафар қарздорон қарор дар бораи муваққатан маҳдуд намудани сафари онҳо ба берун аз ҳудуди кишвар қабул гардидааст.
Мақомот мегуянд, дар ин давра ба назорати иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суғд ва иҷрочиён дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ҳамагӣ 8217 адад ба маблағи беш аз 95 миллион сомонӣ мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини санадҳои судӣ ва санади мақомотҳо ворид гардида, аз ин теъдод 6502 адад ва ё 79 дарсад и санадҳо ба таври воқеӣ ба иҷро расонида шуда аз ин ҳисоб беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ руёнида шудааст.