https://sputnik.tj/20220801/davati-narishkin-vahdati-qudrat-artish-jomea-1050409115.html
Даъвати Наришкин ба ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа
Даъвати Наришкин ба ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа
Sputnik Тоҷикистон
Мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ки пирӯзиро метавон танҳо бо як роҳ, яъне ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа ба даст овард
2022-08-01T17:30+0500
2022-08-01T17:30+0500
2022-08-01T17:51+0500
дар русия
сергей наришкин
ҷомеа
ваҳдат
артиш
таърих
истихборотӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048041763_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_2595be9d48de0ee05a7a9483305d9191.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сергей Наришкин, мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ғалаба бар душман дар набардҳо танҳо дар сурате ба даст оварда мешавад, ки ҳукумат, артиш ва ҷомеа муттаҳид бошанд ва ба таъсири харобиовар аз хориҷ дода нашаванд.Вай афзуд, ки ин раванд барои Русия як дарси беш аз садсола аст.Раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, ахиран дар як маросиме дар шаҳри Маскав, ки бахшида ба ба муносибати 108-умин солгарди пайвастани Русия ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сурат гирифт, иштирок кард.Сергей Наришкин ба хабарнигорон гуфт, ки "ғазаби таърих дар он аст, ки Русия миллионҳо ҷони худро барои пирӯзии Антанта дода ва ҳеҷ гоҳ ба ҳалқаи қудратҳои ғолиб дохил нашуд ва илова бар ин, маҷбур шуд, ки шартномаи таҳқиромези Брест-Литовскро имзо кунад".Ба гуфтаи вай, дар ин кор таблиғоти миллатгароӣ, ки аз хориҷи кишвар ҳадафмандона аз ҷониби мухолифони Русия анҷом шуда буд, нақши охирин надошт.“Ғайр аз ин, аввалин гурӯҳҳои мусаллаҳи миллатгароёни украинӣ пурра дар қаламрави Австрия-Венгрия ташкил карда шуданд”, - гуфт Наришкин.Наришкин мегӯяд, сипас бархе аз нерӯҳои сиёсӣ дар дохили кишвар таблиғоти миллатгароиро идома доданд.“Имрӯз, бо гузашти сад сол, мо меваҳои талхи фаъолияти моҳиятан ҷиноӣ, зиддидавлатӣ ва зиддиҷамъиятии онҳоро мечашем", - афзуд ӯ.Вай боварӣ дорад, ки таҷрибаи пайвастани Русия ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба ин кишвар имкон медиҳад, ки муҳимтарин хулосаи таърихӣ барорад.“Артиши Русия вайроннашаванда аст, агар артиш, ҳукумат ва ҷомеа як ҳадафи ягона дошта бошанд, барои ғалаба дар ҷанг муттаҳид мешаванд. Душман, хамеша хамин тавр буд, — таъкид кард Наришкин.Инчунин вай илова кард, ки имрӯз Ғарби тоталитарӣ-либералӣ талош дорад ба сари тамоми инсоният ҷанги ҷахониро бор кунанд ва аз таҷрибаи бузурги таърихии Русия дарси дуруст гирифтан хеле мухим аст.
https://sputnik.tj/20220731/ruz-neru-bahri-rusiya-tajlil-aks-1050389152.html
https://sputnik.tj/20220705/narishkin-rusiya-oyanda-tarikh-1049752293.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048041763_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_ae9b771ae7ed517f1ed1212803abb4d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҷаҳон, ваҳдат, қудрат, артиш, ҷомеа, ягонагӣ , даъват, сергей наришкин
русия, ҷаҳон, ваҳдат, қудрат, артиш, ҷомеа, ягонагӣ , даъват, сергей наришкин
Даъвати Наришкин ба ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа
17:30 01.08.2022 (Навсозишуда: 17:51 01.08.2022) Мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ки пирӯзиро метавон танҳо бо як роҳ, яъне ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа ба даст овард
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сергей Наришкин, мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ғалаба бар душман дар набардҳо танҳо дар сурате ба даст оварда мешавад, ки ҳукумат, артиш ва ҷомеа муттаҳид бошанд ва ба таъсири харобиовар аз хориҷ дода нашаванд.
Вай афзуд, ки ин раванд барои Русия як дарси беш аз садсола аст.
Раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, ахиран дар як маросиме дар шаҳри Маскав, ки бахшида ба ба муносибати 108-умин солгарди пайвастани Русия ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сурат гирифт, иштирок кард.
Сергей Наришкин ба хабарнигорон гуфт, ки "ғазаби таърих дар он аст, ки Русия миллионҳо ҷони худро барои пирӯзии Антанта дода ва ҳеҷ гоҳ ба ҳалқаи қудратҳои ғолиб дохил нашуд ва илова бар ин, маҷбур шуд, ки шартномаи таҳқиромези Брест-Литовскро имзо кунад".
Ба гуфтаи вай, дар ин кор таблиғоти миллатгароӣ, ки аз хориҷи кишвар ҳадафмандона аз ҷониби мухолифони Русия анҷом шуда буд, нақши охирин надошт.
“Ғайр аз ин, аввалин гурӯҳҳои мусаллаҳи миллатгароёни украинӣ пурра дар қаламрави Австрия-Венгрия ташкил карда шуданд”, - гуфт Наришкин.
Наришкин мегӯяд, сипас бархе аз нерӯҳои сиёсӣ дар дохили кишвар таблиғоти миллатгароиро идома доданд.
“Имрӯз, бо гузашти сад сол, мо меваҳои талхи фаъолияти моҳиятан ҷиноӣ, зиддидавлатӣ ва зиддиҷамъиятии онҳоро мечашем", - афзуд ӯ.
Вай боварӣ дорад, ки таҷрибаи пайвастани Русия ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба ин кишвар имкон медиҳад, ки муҳимтарин хулосаи таърихӣ барорад.
“Артиши Русия вайроннашаванда аст, агар артиш, ҳукумат ва ҷомеа як ҳадафи ягона дошта бошанд, барои ғалаба дар ҷанг муттаҳид мешаванд. Душман, хамеша хамин тавр буд, — таъкид кард Наришкин.
Инчунин вай илова кард, ки имрӯз Ғарби тоталитарӣ-либералӣ талош дорад ба сари тамоми инсоният ҷанги ҷахониро бор кунанд ва аз таҷрибаи бузурги таърихии Русия дарси дуруст гирифтан хеле мухим аст.