Азми мақомоти тоҷик барои тағйири қариб 5 ҳазор ҷойном дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПрирода Таджикистана, архивное фото
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди беш аз 4,8 ҳазор номи объектҳои ҷуғрофӣ, ки ғайримеъёрӣ дониста шудаанд, тавзеҳнома пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тавзеҳномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди номи 4 ҳазору 849 ҷойноми ҷуғрофӣ пешниҳод гардидааст.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар нимсола ниҳоди тобеяш ба 21 номи маҳали аҳолинишин дар ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод кард.
Инчунин ба 4 ҳазору 849 номи объектҳои ҷуғрофӣ тавзеҳнома ироа гардида, ба мақомоти дахлдор барои таҳияи лоиҳаи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои забони тоҷикиро омӯхта, номутобиқатиҳоро ошкор кард.
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Кумита қариб 500 номи гузоштаи волидонро ба фарзандашон қабул накард
Таъкид шуд, ки гуруҳи пажуҳишии мазкур намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърихро дар бар гирифта буд.
Дар мавриди он, ки кадом номҳоро ғайримеъёрӣ донистаанд, Олимҷон Муҳаммадҷонзода тавзеҳ дода буд, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ он ҷойномҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шудаанд.
Муҳамммадҷонзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардида, корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Тағйири ҷойномҳо дар Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ идома дорад ва ивазсозии номҳои ҷуғрофиеро, ки дар замонҳои то ва баъд аз шӯравӣ ба табъи сиёсатҳои давр ва бар ивази номҳои таърихии миллӣ гузошта шуда буданд, ҳадаф қарор додааст.
Лентаи хабарҳо
0