https://sputnik.tj/20220731/putin-favran-zarba-1050383921.html
Путин: Флот фавран ба ҳар, ки қасди зарба ба истиқлоли Русияро дорад, посух медиҳад
Путин: Флот фавран ба ҳар, ки қасди зарба ба истиқлоли Русияро дорад, посух медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия аз иқтидори нерӯҳои ҳарбии дарёии кишвар тавсиф намуд, ки тавони посух додан ба ҳар бадхоҳеро доранд
2022-07-31T14:14+0500
2022-07-31T14:14+0500
2022-08-01T15:21+0500
дар русия
амният ва мудофиа
неруҳои баҳрӣ
владимир путин
гузашти низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1f/1050383578_0:0:2926:1646_1920x0_80_0_0_78bc20bf84450d66e3c4cd732f691c8c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Нерӯҳои баҳрии Русия қодиранд ба ҳамаи онҳое, ки қасди озодию истиқлоли кишварро доранд, барқосо посух диҳанд. Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи нерғҳои дарёии ин кишвар баён дошт. Вай афзуд, ки нерӯҳои баҳрии Русия самаранок вазифаҳои стратегии гузошташуда дар ҳамаи нуқоти уқёнуси ҷаҳонро иҷро мекунад. "Қувваҳои баҳрӣ омодагии баландро барои амалиёт дар соҳил, сатҳи об, зери об ва ҳаворо намоиш медиҳанд. Онҳо пайваста такмил меёбанд", - гуфт Путин. Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия бори аввал аз соли 2017 инҷониб дар гузашти асосии нерӯҳои дарёии кишвар дар Санкт-Петербург иштирок кард. Дар гузашти мазкур ҳудудуи 47 киштии навъи гуногун, аз ҷумла зериобӣ ва 42 чархболу ҳавопаймо низ иштирок карданд. Чорабинӣ бо гузашти воҳидҳо дар соҳил дар наздикии майдони Сенат анҷом ёфт. Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳайати баҳрнавардонро шодбош гуфта, посухи "ура!"-и секаратаи низомиёни дарёиро шунид.Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.
https://sputnik.tj/20220731/putin-guzashti-neruhoi-bahriro-qabul-video-1050382905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1f/1050383578_307:0:2694:1790_1920x0_80_0_0_0340bfb168c33c7e8e6b28273e2ad062.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, путин, нерӯҳо, дарёӣ, русия
тавсиф, путин, нерӯҳо, дарёӣ, русия
Путин: Флот фавран ба ҳар, ки қасди зарба ба истиқлоли Русияро дорад, посух медиҳад
14:14 31.07.2022 (Навсозишуда: 15:21 01.08.2022) Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия аз иқтидори нерӯҳои ҳарбии дарёии кишвараш тавсиф намуд, ки тавони посух додан ба ҳар бадхоҳеро доранд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Нерӯҳои баҳрии Русия қодиранд ба ҳамаи онҳое, ки қасди озодию истиқлоли кишварро доранд, барқосо посух диҳанд.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи нерғҳои дарёии ин кишвар баён дошт.
"Масъалаи калидӣ дар ин ҷо имконоти нерӯҳои баҳрӣ мебошад. Онҳо қодиранд, фавран ба ҳарки қасди озодию истиқлоли Русияро доранд, посух диҳанд", - таъкид намуд ӯ.
Вай афзуд, ки нерӯҳои баҳрии Русия самаранок вазифаҳои стратегии гузошташуда дар ҳамаи нуқоти уқёнуси ҷаҳонро иҷро мекунад.
"Қувваҳои баҳрӣ омодагии баландро барои амалиёт дар соҳил, сатҳи об, зери об ва ҳаворо намоиш медиҳанд. Онҳо пайваста такмил меёбанд", - гуфт Путин.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия бори аввал аз соли 2017 инҷониб дар гузашти асосии нерӯҳои дарёии кишвар дар Санкт-Петербург иштирок кард.
Дар гузашти мазкур ҳудудуи 47 киштии навъи гуногун, аз ҷумла зериобӣ ва 42 чархболу ҳавопаймо низ иштирок карданд. Чорабинӣ бо гузашти воҳидҳо дар соҳил дар наздикии майдони Сенат анҷом ёфт.
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳайати баҳрнавардонро шодбош гуфта, посухи "ура!"-и секаратаи низомиёни дарёиро шунид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.