https://sputnik.tj/20220731/donishjuyon-donishgoh-davlati-maskav-dushanbe-1050389923.html
Раёсат: Бештари донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе дар бахши буҷавиянд
Раёсат: Бештари донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе дар бахши буҷавиянд
Sputnik Тоҷикистон
Аксарияти донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар пойтахти Тоҷикистон дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд
2022-07-31T17:00+0500
2022-07-31T17:00+0500
2022-08-01T15:19+0500
дар тоҷикистон
донишҷӯ
маориф
донишгоҳ
мгу
ломоносов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032689266_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_18ee8e770e238c2cb4b9575d1b4d5712.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Теъдоди донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти соли таҳсили гузашта беш аз 450 нафарро ташкил дод. Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли мудири иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе, Рустам Ғаниев овардааст, ки аз шумораи умумӣ 287 нафар ва ё беш аз 63% дар риштаи буҷавӣ таҳсил доранд. Манбаъ афзуд, 164 нафар, қариби 37% дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил доранд. Инчунин соли равон дар Маркази миллии тестӣ 2015 довталаб филиалро интихоб кардаанд. Ғаниев гуфт, соли 2022 барои ҷалби донишҷӯён оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд. "Чунончи, тавассути тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ, буклетҳо, насби банерҳо, нишон додани презентатсияҳо аз рӯи равияҳои филиал ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма даъвати хоҳишмандон ба муассиса сурат гирифт", - афзудаст мудири иҷроия. Вай илова намудаст, ки дар филиал литсей ва курсҳои тайёрӣ низ амал мекунанд, ки дар онҳо мақсаднок омода шудани дохилшавандагон ба роҳ монда шудааст.Дар мавриди ба кор таъмин кардани хатмкунандагони ин муассиса иттилоъ дода шудааст, ки дар ин самт мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, мутахассисони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ва дигар бахшҳо корбарӣ мекунанд.Соли гузашта муассисаро 100 нафар хатм карданд, ки аз ин теъдод бо роҳнамоии масъулин 58 нафарашон ба ҷои кор таъмин шуданд, изҳор доштаст Ғаниев.
https://sputnik.tj/20220730/shons-donishju-mmt-ozmuni-taqsimot-takrori-1050371208.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032689266_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b92d6545e2748494d040f4d530b80935.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
филиал, мгу, душанбе, ройгон, таҳсил
филиал, мгу, душанбе, ройгон, таҳсил
Раёсат: Бештари донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе дар бахши буҷавиянд
17:00 31.07.2022 (Навсозишуда: 15:19 01.08.2022) Аксарияти донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар пойтахти Тоҷикистон дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Теъдоди донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти соли таҳсили гузашта беш аз 450 нафарро ташкил дод.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли мудири иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе, Рустам Ғаниев овардааст, ки аз шумораи умумӣ 287 нафар ва ё беш аз 63% дар риштаи буҷавӣ таҳсил доранд.
Манбаъ афзуд, 164 нафар, қариби 37% дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил доранд.
Инчунин соли равон дар Маркази миллии тестӣ 2015 довталаб филиалро интихоб кардаанд.
Ғаниев гуфт, соли 2022 барои ҷалби донишҷӯён оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд.
"Чунончи, тавассути тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ, буклетҳо, насби банерҳо, нишон додани презентатсияҳо аз рӯи равияҳои филиал ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма даъвати хоҳишмандон ба муассиса сурат гирифт", - афзудаст мудири иҷроия.
Вай илова намудаст, ки дар филиал литсей ва курсҳои тайёрӣ низ амал мекунанд, ки дар онҳо мақсаднок омода шудани дохилшавандагон ба роҳ монда шудааст.
Дар мавриди ба кор таъмин кардани хатмкунандагони ин муассиса иттилоъ дода шудааст, ки дар ин самт мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, мутахассисони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ва дигар бахшҳо корбарӣ мекунанд.
Соли гузашта муассисаро 100 нафар хатм карданд, ки аз ин теъдод бо роҳнамоии масъулин 58 нафарашон ба ҷои кор таъмин шуданд, изҳор доштаст Ғаниев.