https://sputnik.tj/20220730/smm-osiyo-markazi-qatnoma-1050371646.html
СММ дар бораи Осиёи Марказӣ қатънома қабул кард
СММ дар бораи Осиёи Марказӣ қатънома қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Қатъномаи пешниҳодкардаи Туркманистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими стратегӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад
2022-07-30T13:18+0500
2022-07-30T13:18+0500
2022-08-01T17:45+0500
смм
ом
қатънома
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/43/1026404329_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b20d1005c3beb187f5f2037f0cd0d7d0.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Қатъномаи "Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ", ки бо ташаббуси Ашқобод ба миён омадааст, дар Маҷмаи Умумии СММ расман қабул гардид. Дар ин бора муовини нахуствазир, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар ҷаласаи васеи ҳукумат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар ҷаласаи 97-уми иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ рух додааст. Раҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ Сердар Бердимуҳамедов, раисиҷумҳури Туркманистонро бо ин рухдод табрик гуфт. Ин пирӯзӣ самарабахшии сиёсати ҷумҳуриро ба таҳкими суботи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳифзи сулҳу эътимод дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ собит кард, таъкид кард Мередов.Вай муътақид аст, ки тасвиби қатънома бо ҳаммуаллифии 19 кишвари ҷаҳон ба фароҳам овардани имконоти нави геополитикӣ ва геоиқтисодӣ барои ҷаҳони амн ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳам мардуми кишварро бо қабули қатъномаи "Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ" аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ табрик гуфт. Сарвари Туркманистон қайд кард, ки ин ҳуҷҷат хусусияти стратегӣ ва самараноки шарикии Туркманистон ва СММ-ро инъикос мекунад.
https://sputnik.tj/20220721/jabborov-osiyoi-markazi-khud-ghizo-tamin-1050147947.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/43/1026404329_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ac6f49eeca30ee08ad8ea810870004c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм осиёи марказӣ қатънома
смм осиёи марказӣ қатънома
СММ дар бораи Осиёи Марказӣ қатънома қабул кард
13:18 30.07.2022 (Навсозишуда: 17:45 01.08.2022) Қатъномаи пешниҳодкардаи Туркманистон барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими стратегӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Қатъномаи "Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ", ки бо ташаббуси Ашқобод ба миён омадааст, дар Маҷмаи Умумии СММ расман қабул гардид.
Дар ин бора муовини нахуствазир, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар ҷаласаи васеи ҳукумат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар ҷаласаи 97-уми иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ рух додааст.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ Сердар Бердимуҳамедов, раисиҷумҳури Туркманистонро бо ин рухдод табрик гуфт.
Ин пирӯзӣ самарабахшии сиёсати ҷумҳуриро ба таҳкими суботи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳифзи сулҳу эътимод дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ собит кард, таъкид кард Мередов.
Вай муътақид аст, ки тасвиби қатънома бо ҳаммуаллифии 19 кишвари ҷаҳон ба фароҳам овардани имконоти нави геополитикӣ ва геоиқтисодӣ барои ҷаҳони амн ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ кумак мекунад.
Президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳам мардуми кишварро бо қабули қатъномаи "Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ" аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ табрик гуфт.
Сарвари Туркманистон қайд кард, ки ин ҳуҷҷат хусусияти стратегӣ ва самараноки шарикии Туркманистон ва СММ-ро инъикос мекунад.