https://sputnik.tj/20220730/fojea-ob-tojikiston-gharq-1050375653.html
Фоҷеа: дар обҳои Тоҷикистон боз се тани дигар ғарқ шуд
Фоҷеа: дар обҳои Тоҷикистон боз се тани дигар ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон бо нигаронӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сокинони кишвар қатъӣ даъват мекунанд, ки эҳтиёткор ва махсусан мувозиби ноболиғон бошанд
2022-07-30T18:00+0500
2022-07-30T18:00+0500
2022-07-30T17:56+0500
дар тоҷикистон
ғарқ шудан
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/68/1029876802_0:143:2784:1709_1920x0_80_0_0_8b235104518941ba8e82680d9736fb4b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Давоми шабонарӯзи ахир дар обҳои Тоҷикистон се тан ғарқ шудаанд, ки ҷасади як нафар пайдо ва ҷустуҷӯи ду тани дигар идома дорад, хабар медиҳад дафтари матбуотии КҲФ.Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи якум дар “Баҳри тоҷик” сар зада, шахси ғарқшуда як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе будааст.Ин ниҳод мегӯяд, ҳарчанд наҷотдиҳандагон бо дарёфти хабар ба макони ҳодиса расиданд, аммо то кунун ҷасадро наёфтаанд.Ҳамзамон дар ин рӯз як сокини 16-солаи деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён дар об нопадид шудааст, ки ҷасадашро то ҳанӯз дарёфт накардаанд.КҲФ мегӯяд, ӯ ҳангоми чорвочаронӣ дар соҳили дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ гардидааст.Ҳолати сеюми ғарқшавӣ бошад, дар қаламрави шаҳри Душанбе рух додааст. Гуфта мешавад, сокини 15-солаи деҳаи Бӯстони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон дар канали дериватсионӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст ғарқ мешавад.Манбаъ мегӯяд, ноболиғ дар ҷойе ғарқ шудааст, ки ки эълони “Оббозӣ манъ аст” гузшта шудааст.Тибқи оморҳо, ҳолатҳои ғарқшавӣ дар кишвар ба 100 наздик мешавад, ки онро қаблан Рустам Назарзода, раҳбари КҲФ нигаронкунанда хонда буд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳои нохӯш аз сокинони кишвар даъват мекунад ҳангоми шиноварӣ ва истироҳат дар назди махзанҳои об эҳтиёт кунанд.Ин ниҳод қаблан низ дар робита ба гармшавии ҳаво ва бештар рафтани сокинон ба лаби кӯлу дарёҳо ҳушдор дода буд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва махсусан мувоҷеҳи кӯдакону ноболиғон бошанд.
https://sputnik.tj/20220720/shinovari-behkatar-tojikiston-1050125410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/68/1029876802_158:0:2626:1851_1920x0_80_0_0_548543487124eddc25a2b8ff350a1ae0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоҷеа обҳотоҷикистон ғарқ
фоҷеа обҳотоҷикистон ғарқ
Фоҷеа: дар обҳои Тоҷикистон боз се тани дигар ғарқ шуд
Наҷотдиҳандагон бо нигаронӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сокинони кишвар қатъӣ даъват мекунанд, ки эҳтиёткор ва махсусан мувозиби ноболиғон бошанд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Давоми шабонарӯзи ахир дар обҳои Тоҷикистон се тан ғарқ шудаанд, ки ҷасади як нафар пайдо ва ҷустуҷӯи ду тани дигар идома дорад, хабар медиҳад дафтари матбуотии КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи якум дар “Баҳри тоҷик” сар зада, шахси ғарқшуда як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳарчанд наҷотдиҳандагон бо дарёфти хабар ба макони ҳодиса расиданд, аммо то кунун ҷасадро наёфтаанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз як сокини 16-солаи деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён дар об нопадид шудааст, ки ҷасадашро то ҳанӯз дарёфт накардаанд.
КҲФ мегӯяд, ӯ ҳангоми чорвочаронӣ дар соҳили дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ гардидааст.
Ҳолати сеюми ғарқшавӣ бошад, дар қаламрави шаҳри Душанбе рух додааст.
Гуфта мешавад, сокини 15-солаи деҳаи Бӯстони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон дар канали дериватсионӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст ғарқ мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ноболиғ дар ҷойе ғарқ шудааст, ки ки эълони “Оббозӣ манъ аст” гузшта шудааст.
Тибқи оморҳо, ҳолатҳои ғарқшавӣ дар кишвар ба 100 наздик мешавад, ки онро қаблан Рустам Назарзода, раҳбари КҲФ нигаронкунанда хонда буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳои нохӯш аз сокинони кишвар даъват мекунад ҳангоми шиноварӣ ва истироҳат дар назди махзанҳои об эҳтиёт кунанд.
Ин ниҳод қаблан низ дар робита ба гармшавии ҳаво ва бештар рафтани сокинон ба лаби кӯлу дарёҳо ҳушдор дода буд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва махсусан мувоҷеҳи кӯдакону ноболиғон бошанд.