Раисон дар Суғд беш аз 1,7 ҳазор қарору фармони ғайриқонунӣ содир кардаанд

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Додситонии Суғд алайҳи садҳо қарору фармони мақомдорони давлатӣ дар давоми нимсолаи аввали соли равон эътирозҳои назоратӣ овардааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Беш аз 75%-и этирозҳои назоратии прокурорҳои вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон ба қарору фармонҳои ғайриқонунии раисону мақомдорони давлатӣ рост меояд.
Тибқи иттилои додситонии вилояти Суғд, дар 6 моҳ ба қарору фармони ғайриқонунии мақомдорони давлатӣ дар нимсолаи аввали соли равон 1 ҳазору 772 адад эътирозҳои назоратӣ оварда шудааст.
Аз ҷумла 248 эътироз ба қарори раисони шаҳру ноҳия, 61 адад ба қарори раисони ҷамоатҳо, 516 адад ба қарорҳои мақомоти назоратӣ рабт дорад.
Дар баробари ин 139 эътироз ба санадҳои ҳуқуқии мақомоти корҳои дохилӣ, 171 адад ба мақомоти андоз, 24 ба санадҳои мақомоти гумрук, 448 ба санадҳои ҳуқуқии идораву муассисаҳои соҳаи маориф, 165 адад ба қарори идораҳои бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оварда шуданд.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Беш аз ҳафт ҳазор қонуншикании марбути истифодаи замин тайи шаш моҳ
Дар зимн таъкид мешавад, ки бештари қарорҳои мавриди эътирози проркурорҳо дар Тоҷикистон ба ҷудо намудани замин рабт доранд.
Аз ҷумла Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон 924 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд, ки беш аз 80%-ашон ба замин рабт доранд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, худсарона ишғол намудани замин ва бунёди хонаҳо аз тарафи ашхоси ҷинояткор хеле зиёд аст.
Вай илова намуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0