https://sputnik.tj/20220729/muhojiron-sukhtor-maskav-sobyanin-video-1050349527.html
Таъйиди ҳалокати муҳоҷирон дар сӯхтори Маскав: Собянин ҳамдардияшро баён кард - видео
Таъйиди ҳалокати муҳоҷирон дар сӯхтори Маскав: Собянин ҳамдардияшро баён кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни қурбониёни сӯхтори фоҷеабори хобгоҳ дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав, 5 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ будаанд
2022-07-29T15:20+0500
2022-07-29T15:20+0500
2022-07-29T15:20+0500
видео
муҳоҷир
сӯхтор
хобгоҳ
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1d/1050342423_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_fa3f175403a2cb41846b056de0373f54.jpg
Миёни қурбониёни сӯхтори хобгоҳ дар Маскав 3 русиягӣ ва 5 муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ мебошанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба манобеяш дар мақомоти изтирорӣ. Дар зимн манбаи ТАСС ҳамаи ҳалокшудагонро муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ гуфтаст. Хобгоҳ дар кӯчаи Алмаато шаби 28 ба 29 июл рух дода, одамон ба далели панҷарабандӣ будани тирезаҳо натавонистаанд, мустақилона берун бароянд. Низоми огоҳӣ аз сӯхтор низ кор накардааст. Ҳамдардияшро ба қурбониёни сӯхтор дар Маскав, шаҳрдор Сергей Собянин баён дошт. Бар асоси иттилоияи аввалия сабаби сӯхтор фарсуда будани дастгоҳи барқӣ арзёбӣ шудаанд. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда Маскав, Андрей Румянтсев ба расонаҳо гуфтааст, ки хобгоҳи мазкур бори охир моҳи июни соли равон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Мутахассисон 7 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор карда, барои ислоҳ ба роҳбарияти хобгоҳ дастур дода будаанд. Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати шаҳрвандони ҷумҳурӣ будани ҳалокшудагон барои ба Ватан интиқол додани ҷасадҳо кумак хоҳад кард.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Кадры сгоревшего хостела на юго-востоке Москвы
Sputnik Тоҷикистон
На окнах сгоревшего на юго-востоке Москвы хостела, где погибли 8 человек и еще несколько пострадали, были решетки, передает корреспондент РИА Новости.
2022-07-29T15:20+0500
true
PT0M36S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1d/1050342423_177:0:1617:1080_1920x0_80_0_0_17ce54868b1f372e39bce3c9893662a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбониён, муҳоҷирон, осиёи марказӣ, сӯхтор
қурбониён, муҳоҷирон, осиёи марказӣ, сӯхтор
Таъйиди ҳалокати муҳоҷирон дар сӯхтори Маскав: Собянин ҳамдардияшро баён кард - видео
Аз миёни қурбониёни сӯхтори фоҷеабори хобгоҳ дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав 5 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ будаанд
Миёни қурбониёни сӯхтори хобгоҳ дар Маскав 3 русиягӣ ва 5 муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ мебошанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба манобеяш дар мақомоти изтирорӣ. Дар зимн манбаи ТАСС ҳамаи ҳалокшудагонро муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ гуфтаст.
Хобгоҳ дар кӯчаи Алмаато шаби 28 ба 29 июл рух дода, одамон ба далели панҷарабандӣ будани тирезаҳо натавонистаанд, мустақилона берун бароянд. Низоми огоҳӣ аз сӯхтор низ кор накардааст.
Ҳамдардияшро ба қурбониёни сӯхтор дар Маскав, шаҳрдор Сергей Собянин баён дошт.
"Мутаассифона дар сӯхтор дар кӯчаи Алмаато 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардиямро баён мекунам", - навиштааст шаҳрдор.
Бар асоси иттилоияи аввалия сабаби сӯхтор фарсуда будани дастгоҳи барқӣ арзёбӣ шудаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда Маскав, Андрей Румянтсев ба расонаҳо гуфтааст, ки хобгоҳи мазкур бори охир моҳи июни соли равон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Мутахассисон 7 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор карда, барои ислоҳ ба роҳбарияти хобгоҳ дастур дода будаанд.
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати шаҳрвандони ҷумҳурӣ будани ҳалокшудагон барои ба Ватан интиқол додани ҷасадҳо кумак хоҳад кард.