https://sputnik.tj/20220729/intikhobot-miyonadavri-tojikiston-kmir-deputat-1050347678.html
Интихоботи миёнадаврӣ дар Тоҷикистон: КМИР 12 депутатшавро сабти ном кард
Интихоботи миёнадаврӣ дар Тоҷикистон: КМИР 12 депутатшавро сабти ном кард
Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи миёнадаврӣ ба ҷои вакилони хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Данғара баргузор мешаванд
2022-07-29T16:20+0500
2022-07-29T16:20+0500
2022-07-29T16:20+0500
дар тоҷикистон
интихобот
сиёсат
вакил
маҷлиси намояндагон
номзад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_9b08f53b2389893110842a786fb0a69f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот раъйпурсии Тоҷикистон аз сабти 12 номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои Данғара, Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ хабар дод. Хабаргузории "Ховар" аз қавли КМИР овардааст, ки феълан дар 3 ҳавзаи интихоботӣ 12 номзад баъди бақайдгирӣ ташвиқоти пешазинтихоботии худро оғоз намуданд. Муҳлати идомаи ташвиқот то 12 августи соли равон муайян шуда, худи интихобот 14 август баргузор мешавад. Маврид ба зикр аст, ки вакили қаблӣ аз ҳавзаи Фирдавсӣ, ин Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин буд, ки тайи беш аз як соли охир дар мақоми ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад.Инчунин то аввали соли равон масъулияти вакилӣ аз ҳавзаи Данғараро Лутфия Абдухолиқзода ба уҳда дошт. Ӯ моҳи феврали соли равон бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид.Вакили пешӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардид.Ҷойгузини вакилони мазкур, ки ба далели таъйинашон ба мақоми нав ваколаташон пеш аз муҳлат қатъ шуд, дар интихоботи 14 август маълум хоҳад шуд. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220719/peshbari-mirzonabot-uzviyat-majlisi-milli-1050106429.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_116:0:2783:2000_1920x0_80_0_0_2a5adad74efe572b62da4118d1703008.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабт, номзад, вакил, тоҷикистон, маҷлиси намояндагон
сабт, номзад, вакил, тоҷикистон, маҷлиси намояндагон
Интихоботи миёнадаврӣ дар Тоҷикистон: КМИР 12 депутатшавро сабти ном кард
Интихоботи миёндаврӣ ба ҷои вакилони хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Данғара баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот раъйпурсии Тоҷикистон аз сабти 12 номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои Данғара, Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ хабар дод.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли КМИР овардааст, ки феълан дар 3 ҳавзаи интихоботӣ 12 номзад баъди бақайдгирӣ ташвиқоти пешазинтихоботии худро оғоз намуданд. Муҳлати идомаи ташвиқот то 12 августи соли равон муайян шуда, худи интихобот 14 август баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки вакили қаблӣ аз ҳавзаи Фирдавсӣ, ин Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин буд, ки тайи беш аз як соли охир дар мақоми ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад.
Инчунин то аввали соли равон масъулияти вакилӣ аз ҳавзаи Данғараро Лутфия Абдухолиқзода ба уҳда дошт. Ӯ моҳи феврали соли равон бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Вакили пешӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардид.
Ҷойгузини вакилони мазкур, ки ба далели таъйинашон ба мақоми нав ваколаташон пеш аз муҳлат қатъ шуд, дар интихоботи 14 август маълум хоҳад шуд.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.