Бебориш ва чанголуд: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шарқи ВМКБ ҳарорати ҳаво то +4 дараҷа поин меояду дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ аз ҳадди +40 дараҷа боло меравад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шамол чангу ғубор ба амал меояд, хабар додаст "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво асосан бебориш буда, ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа, рӯзона 31+36 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Борон дар Суғд низ пешбинӣ намешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Миллионҳо сомонӣ зарар: пайомади офатҳои табиӣ дар Суғд маълум шуд
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳавошиносон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм дар назар аст.
Шамол дар бархе аз ноҳияҳои тобеи марказ низ то 10-15 метр дар як сония мевазад, ки чангу ғуборро ба вуҷуд меорад. Борон дар навоҳии тобеи марказ низ пешгӯӣ намешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт - шаҳри Душанбе низ борон дар назар набуда, дар баъзе ҳолатҳо шамол бо шиддати то 7-12 метр дар як сония меавазад, ки чангу ғуборро ба вуҷуд меорад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0