https://sputnik.tj/20220728/somon-parvoz-pekin-seul-london-havopaymo-1050326103.html
“Сомон эйр” барои парвоз ба Пекин, Сеул ва Лондон ҳавопаймо мехарад
“Сомон эйр” барои парвоз ба Пекин, Сеул ва Лондон ҳавопаймо мехарад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавоии “Сомон эйр” эълон кардааст, ки дар ояндаи наздик барои парвозҳо ба самти Пекин, Сеул ва Лондон ду ҳавопаймои дигари Boeing мехарад
2022-07-28T18:00+0500
2022-07-28T18:00+0500
2022-08-19T17:59+0500
дар тоҷикистон
парвоз
ҳавопаймо
"сомон эйр"
"боинг"
харидорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048875994_0:18:1279:737_1920x0_80_0_0_24edb8feb51859e3436ae9839437e6cd.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ширкати ҳавоии “Сомон эйр” эълон кардааст, ки дар ояндаи наздик барои анҷоми парвозҳо ба Пекин, Сеул ва Лондон ду ҳавопаймои дигари "Boeing" мехарад, дар ин бора муовини директори генералии ширкати мазкур Абдулқосим Валиев дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.Ба гуфтаи вай, ҳавопаймоҳо дар моҳи августи соли равон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд.Ба гуфтаи Абдулқосим Валиев, ширкати ҳавопаймоӣ дар мавриди харидории ҳавопаймоҳо тақрибан бо тамоми ширкатҳои ҳавоии ҷаҳонӣ гуфтушунид дорад.Вай афзуд, аз ҷумла шикати ватанӣ бо ширкатҳои "Airbus", ATP, "Embrare" ва ғайра гуфтушунид дорад.Ширкати “Сомон эйр” мегӯяд, ки афзалияти ширкат дар ин хусус дар харидории ҳавопаймоҳое ҳаст, ки сӯзишвориро кам масраф мекунанд.Ширкати ҳавоӣ дар панҷ соли оянда теъдоди ҳавопаймоҳоро ба 10 адад афзоиш додааст. Дар мавриди харидории ҳавопаймоҳое, ки то 57 мусофир мекшонанд ва барои парвозҳои дохилӣ истифода мешаванд, бо ширкати ҳавопаймоии фаронсавии ATR гуфтушунид идома дорад.Дар ҳоли ҳозир, дар парки "Сомон Эйр" шаш ҳавопаймо мавҷуд аст. Бо афзоиши шумораи ҳавопаймоҳо, ширкати ҳавопаймоӣ нақша дорад, ки дар оянда парвозҳои навро дар масирҳо, аз қабили Пекин, Сеул, Лондон анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20220728/shirkat-litvon-qarz-tojik-eyr-hisobi-doroihoi-tojikiston--1050313685.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048875994_0:0:983:737_1920x0_80_0_0_87b95a3e6cc0aa8c3881c8c9177ac162.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сомон эйр, ҳавопаймо, харидорӣ, boeing, парвоз, лондон, сеул, пекин, ширкати ҳавоӣ
тоҷикистон, сомон эйр, ҳавопаймо, харидорӣ, boeing, парвоз, лондон, сеул, пекин, ширкати ҳавоӣ
“Сомон эйр” барои парвоз ба Пекин, Сеул ва Лондон ҳавопаймо мехарад
18:00 28.07.2022 (Навсозишуда: 17:59 19.08.2022) Ширкати "Сомон эйр" бо хариди ҳавопаймоҳои нави "Boeing", ки қарор аст дар рӯзҳои наздик сурат бигирад шумораи порки тайёраҳояшро зиёд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ширкати ҳавоии “Сомон эйр” эълон кардааст, ки дар ояндаи наздик барои анҷоми парвозҳо ба Пекин, Сеул ва Лондон ду ҳавопаймои дигари "Boeing" мехарад, дар ин бора муовини директори генералии ширкати мазкур Абдулқосим Валиев дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, ҳавопаймоҳо дар моҳи августи соли равон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд.
“Ин ҳавопаймоҳо нав нестанд, 4-5 сол боз истифода мешаванд, аммо дар ҳолати хуб қарор доранд. Ҳавопаймоҳо дар асоси лизинг ба мухлати муайян харида мешуданд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Абдулқосим Валиев, ширкати ҳавопаймоӣ дар мавриди харидории ҳавопаймоҳо тақрибан бо тамоми ширкатҳои ҳавоии ҷаҳонӣ гуфтушунид дорад.
Вай афзуд, аз ҷумла шикати ватанӣ бо ширкатҳои "Airbus", ATP, "Embrare" ва ғайра гуфтушунид дорад.
Ширкати “Сомон эйр” мегӯяд, ки афзалияти ширкат дар ин хусус дар харидории ҳавопаймоҳое ҳаст, ки сӯзишвориро кам масраф мекунанд.
Ширкати ҳавоӣ дар панҷ соли оянда теъдоди ҳавопаймоҳоро ба 10 адад афзоиш додааст. Дар мавриди харидории ҳавопаймоҳое, ки то 57 мусофир мекшонанд ва барои парвозҳои дохилӣ истифода мешаванд, бо ширкати ҳавопаймоии фаронсавии ATR гуфтушунид идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир, дар парки "Сомон Эйр" шаш ҳавопаймо мавҷуд аст. Бо афзоиши шумораи ҳавопаймоҳо, ширкати ҳавопаймоӣ нақша дорад, ки дар оянда парвозҳои навро дар масирҳо, аз қабили Пекин, Сеул, Лондон анҷом диҳад.