Коронавирус нест, вале қабули ваксина алайҳи ин маризӣ дар Тоҷикистон идома дорад

© Pixabay/kfuhlertВакцинация
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дигарбора сабт нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ эҳтимоли бозгашти он ба кишварро такзиб намекунад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор ваксинаи дигарро дастрас кард, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Ба иттилои манбаъ, ваксинаҳои мазкур чунд пештара ба сокинон гузаронда мешаванд. Зикр гардидааст, ки аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 зиёда аз 15,1 млн ваксина ворид шуда буданд.
Дар умум, сар аз аввали соли равон ба кишвар беш аз ду миллион воя ваксина ворид шуд, афзудааст манбаъ.
Моякӯбӣ бо вояи сеюми ваксина зидди коронавирус дар Тоҷикистон аз оғози соли равон оғоз гардида, феълан идома дорад.
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ба ҳолати аввали моҳи равон вояи аввали ваксинаи зидди коронавирус ба зиеда аз 5,2 млн нафар ё 94% гузаронда шудааст. Вояи дуюмро беш аз 5,1 млн ё 92,2% ва вояи сеюмро зиёда аз 4,1 ё 73,3%-и аҳолии калонсоли кишвар гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Чаро бархе ташхисҳои коронавирус дар Тоҷикистон мусбатанд? Вазир гуфт, хатои техникист
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирусро нагирифтаанд, даъват намудааст, ки ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар гуфт, ки феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад.
Дар зимн ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0