https://sputnik.tj/20220727/talosh-najot-garmi-noboligh-tojik-1050291575.html
Ғарқшавии 5 ноболиғи тоҷик дар 1 рӯз ва муроҷиати мақомот ба мардум
Ғарқшавии 5 ноболиғи тоҷик дар 1 рӯз ва муроҷиати мақомот ба мардум
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти изтирории Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши ғарқшавии одамон дар ҷумҳурӣ, махсусан ноболиғон аз шаҳрвандон хостаанд, кӯдаконро беназорат нагузоранд
2022-07-27T10:50+0500
2022-07-27T10:50+0500
2022-07-27T10:50+0500
дар тоҷикистон
фоҷиа
ҳалокат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
талош
сокинон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/19/1050240566_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_8ab37ec15cb2fb6b71d088a6b0c0a294.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Панҷ ноболиғ тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ. Ба иттилои КҲФ, ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиёни вилояти Хатлон ва дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд. Ғарқшудагон ноболиғони соли таваллудашон 2004, 2006 ва 2011 мебошанд, ҷасади чаҳор тани онҳо ба наздиконашон супурда шуда, ҷустуҷӯйи ҷасади ноболиғи 16-сола аз ноҳияи Данғара идома дорад. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ҳамаи ғарқшудаҳо барои ҷойҳое оббозӣ кардаанд, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки феълан Тоҷикистонро гармои шадид қарор гирифтааст. Сокинон дар талоши наҷот аз гармӣ худро ба обу кӯлҳо мезананд, ки баъзан бо фоҷиа меанҷомад. Яке аз мушкилоти мубрам дар ҷумҳурӣ кам будани маконҳое, ки махсус барои оббозӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Хабарҳо аз ғарқшавӣ дар моҳи равон дар ҳоле нашр мешаванд, ки КҲФ мегӯяд, нимсолаи аввал дар пайи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.Аксари ғарқшудагон кӯдакону ноболиғон мебошанд. Ба иттилои КҲФ, миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220726/sardori-khf-sugd-sokinon-gharq-1050282709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/19/1050240566_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_15ca8701428c3a41d3348127ae7a39a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош, наҷот, кӯдак, гармӣ, марг
талош, наҷот, кӯдак, гармӣ, марг
Ғарқшавии 5 ноболиғи тоҷик дар 1 рӯз ва муроҷиати мақомот ба мардум
Мақомоти изтирории Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши ғарқшавии одамон дар ҷумҳурӣ, махсусан ноболиғон аз шаҳрвандон хостаанд, кӯдаконро беназорат нагузоранд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Панҷ ноболиғ тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои КҲФ, ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиёни вилояти Хатлон ва дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд.
Ғарқшудагон ноболиғони соли таваллудашон 2004, 2006 ва 2011 мебошанд, ҷасади чаҳор тани онҳо ба наздиконашон супурда шуда, ҷустуҷӯйи ҷасади ноболиғи 16-сола аз ноҳияи Данғара идома дорад.
Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ҳамаи ғарқшудаҳо барои ҷойҳое оббозӣ кардаанд, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.
Ин дар ҳолест, ки феълан Тоҷикистонро гармои шадид қарор гирифтааст. Сокинон дар талоши наҷот аз гармӣ худро ба обу кӯлҳо мезананд, ки баъзан бо фоҷиа меанҷомад. Яке аз мушкилоти мубрам дар ҷумҳурӣ кам будани маконҳое, ки махсус барои оббозӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Хабарҳо аз ғарқшавӣ дар моҳи равон дар ҳоле нашр мешаванд, ки КҲФ мегӯяд, нимсолаи аввал дар пайи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.
Аксари ғарқшудагон кӯдакону ноболиғон мебошанд. Ба иттилои КҲФ, миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ҳастанд.