https://sputnik.tj/20220727/dushanbe-mizbon-qahramoni-cafa-2022-1050292427.html
Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонон мешавад
Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Нимаи аввали моҳи август тимҳои мунтахаби ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барои ба даст овардани Ҷоми минтақавӣ зӯрозмоӣ мекунанд
2022-07-27T11:20+0500
2022-07-27T11:20+0500
2022-07-27T13:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
эрон
қирғизистон
тим
ҷавонон
футбол
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102960/04/1029600413_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_f2c23c04cfa64b7a8a819a6b8ce0bdc6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тоҷикистон мизбони Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мусобиқа аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар доираи ин зӯрозмоӣ 5 тими мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд. Дар феҳрасти иштирокдорони Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон зикр гардидаанд. Масъулин мегӯянд, дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи ин сабқатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд. Низомномаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон муқаррар кардааст, ки ин мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.Рӯзи аввал - 5 август бозӣ миёни Ӯзбекистон – Эрон, Қирғизистон – Афғонистон, рӯзи 6 август сабқат миёни Қирғизистон – Ӯзбекистон, Афғонистон - Тоҷикистон, 8 август зӯрозмоии тимҳои Эрон – Афғонистон, Тоҷикистон – Қирғизистон дар назар аст. Рӯзҳои 10 август бозии Эрон – Қирғизистон, Ӯзбекистон – Тоҷикистон ва 12 август зӯрозмоии Афғонистон – Ӯзбекистон, Тоҷикистон – Эрон ба нақша гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20220608/ahmadzoda-rushd-futbol-sughd-1049035588.html
эрон
қирғизистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102960/04/1029600413_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_5e180227239bea0b7181ad6b4ddfb017.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мизбон, қаҳрамонӣ, мусобиқа
тоҷикистон, мизбон, қаҳрамонӣ, мусобиқа
Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонон мешавад
11:20 27.07.2022 (Навсозишуда: 13:57 27.07.2022) Нимаи аввали моҳи август тимҳои мунтахаби ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барои ба даст овардани ҷоми минтақавӣ рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тоҷикистон мизбони Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола мешавад.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мусобиқа аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар доираи ин зӯрозмоӣ 5 тими мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.
Дар феҳрасти иштирокдорони Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон зикр гардидаанд.
Масъулин мегӯянд, дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи ин сабқатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
Низомномаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон муқаррар кардааст, ки ин мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Рӯзи аввал - 5 август бозӣ миёни Ӯзбекистон – Эрон, Қирғизистон – Афғонистон, рӯзи 6 август сабқат миёни Қирғизистон – Ӯзбекистон, Афғонистон - Тоҷикистон, 8 август зӯрозмоии тимҳои Эрон – Афғонистон, Тоҷикистон – Қирғизистон дар назар аст.
Рӯзҳои 10 август бозии Эрон – Қирғизистон, Ӯзбекистон – Тоҷикистон ва 12 август зӯрозмоии Афғонистон – Ӯзбекистон, Тоҷикистон – Эрон ба нақша гирифта шудаанд.