https://sputnik.tj/20220726/rahmon-tahsil-prokuror-tojik-rusiya-1050276485.html
Раҳмон хост, Русия барои Тоҷикистон прокурор тайёр кунад
Раҳмон хост, Русия барои Тоҷикистон прокурор тайёр кунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик аз Маскав хостаанд, ки барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи додситонӣ квотаҳо ҷудо намояд. Ҳукумати Русия ба баррасӣ гирифтааст
2022-07-26T16:30+0500
2022-07-26T16:30+0500
2022-07-27T14:06+0500
донишгоҳ
прокурор
ҳукумат
юсуф раҳмон
дар тоҷикистон
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102446/23/1024462369_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_deed4cc159291a02f20bf32d034090e2.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостори таҳсили шаҳрвандони кишвар дар Донишгоҳи прокуратураи Русия тибқи квота шудааст. Ҳамтои русиягияш, Игор Краснов гуфтааст, масъала аллакай дар ҳукумат дар ҳоли баррасист. Ба иттилои Додситонии кулли Русия масъалаи таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи прокуратура дар ФР, зимни мулоқоти Юсуф Раҳмон ва Краснов дар Душанбе баррасӣ гардид. Краснов зикр намудаст, ки дар пайи дархости Юсуф Раҳмон барои ташкили таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарқиқи квота, додситонии Русия бо ин масъала ба ҳукумат муроҷиат намудаст. Вай зикр намудаст, ки дар ҳоли ҳозир имкони таҳсили додситонҳои тоҷик дар Донишгоҳи прокуратураи Русия аз рӯи барномаи такмили ихтисос имконпазир мебошад. "Чунин давраҳои омӯзишӣ тирамоҳи соли равон дар нақшаанд ва ман бо камоли майл кормандони додистонии кулли Тоҷикистонро барои иштирок дар онҳо даъват мекунам", - изҳор доштаст Краснов. Инчунин дар доираи сафари ҳайати додситонҳои Русия ба Душанбе, прокурорҳои меҳмон назди ҳамтоёни тоҷикашон суханронӣ дар масоили мубрами соҳа ибрози назар кардаанд. Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия зарурати таҳкими ҳамкориро дар шароити хуруҷи таҳдидҳои нав муҳим хондаанд.
https://sputnik.tj/20220726/ukraina-tojikiston-tahdid-posukhi-general-krasnov-1050267709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102446/23/1024462369_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_790647418c9d8b3ea3a24facc98dc9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
прокурор, тоҷик, русия, таҳсил, юсуф раҳмон
прокурор, тоҷик, русия, таҳсил, юсуф раҳмон
Раҳмон хост, Русия барои Тоҷикистон прокурор тайёр кунад
16:30 26.07.2022 (Навсозишуда: 14:06 27.07.2022) Мақомоти тоҷик аз Маскав хостаанд, ки барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи додситонӣ квота ҷудо намояд. Русия ин масъаларо ба баррасӣ гирифтааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостори таҳсили шаҳрвандони кишвар дар Донишгоҳи прокуратураи Русия тибқи квота шудааст. Ҳамтои русиягияш, Игор Краснов гуфтааст, масъала аллакай дар ҳукумат дар ҳоли баррасист.
Ба иттилои Додситонии кулли Русия масъалаи таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи прокуратура дар ФР, зимни мулоқоти Юсуф Раҳмон ва Краснов дар Душанбе баррасӣ гардид.
Краснов зикр намудаст, ки дар пайи дархости Юсуф Раҳмон барои ташкили таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарқиқи квота, додситонии Русия бо ин масъала ба ҳукумат муроҷиат намудаст.
"Фикр мекунам, посух ба дарозо гузошта нахоҳад шуд", - илова намуд додситони кулли Русия.
Вай зикр намудаст, ки дар ҳоли ҳозир имкони таҳсили додситонҳои тоҷик дар Донишгоҳи прокуратураи Русия аз рӯи барномаи такмили ихтисос имконпазир мебошад.
"Чунин давраҳои омӯзишӣ тирамоҳи соли равон дар нақшаанд ва ман бо камоли майл кормандони додистонии кулли Тоҷикистонро барои иштирок дар онҳо даъват мекунам", - изҳор доштаст Краснов.
Инчунин дар доираи сафари ҳайати додситонҳои Русия ба Душанбе, прокурорҳои меҳмон назди ҳамтоёни тоҷикашон суханронӣ дар масоили мубрами соҳа ибрози назар кардаанд.
Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия зарурати таҳкими ҳамкориро дар шароити хуруҷи таҳдидҳои нав муҳим хондаанд.