https://sputnik.tj/20220726/krasnov-darkhost-terroristi-rusiya-1050265827.html
Дархости террористӣ эълон кардани ҲНИТ* дар Русия ба додгоҳ фиристода шудааст
Дархости террористӣ эълон кардани ҲНИТ* дар Русия ба додгоҳ фиристода шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Русия бо ҳамтои тоҷикаш дархости ҷониби Душанберо дар мавриди террористӣ эълон кардани бархе созмону ҳаракатҳо баррасӣ мекунад
2022-07-26T12:30+0500
2022-07-26T12:30+0500
2022-07-26T13:04+0500
дар тоҷикистон
додситонии кулл
қарори додгоҳ
ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042548004_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f9149c0697ae36cf04778f785d6b73bc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Додситонии кулли Русия дархост барои террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон*-ро ба додгоҳ фиристодааст. Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни сафараш ба Душанбе хабар дод. Ба иттилои додситонии кулли Русия, масъалаи террористӣ эътироф кардани бархе аз созмону ҳаракатҳо бо дархости ҷониби Душанбе аз мавзуъҳои мулоқоти Краснов бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хоҳад буд, ки 26 июл дар назар аст. "Ҳамтоямро дар мавриди баррасии дархостҳояш барои дар Русия террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо огоҳ хоҳам кард. Аллакай чунин дархост аз ҷониби мо дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ба додгоҳ фиристода шуд", - изҳор доштааст Краснов. Вай изҳори бовар намудааст, ки бо ҳамкории созанда ба муборизаи босамар алайҳи таҳдидҳо даст хоҳанд ёфт. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз мулоқоти додситони кулли Русия бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дода афзуд, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд. Сафари ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов дар Тоҷикистон феълан идома дорад.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20220725/barrasii-istirdodi-jinoyatkoron-rahmon-dodsiton-kulli-rusiya-1050255994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042548004_298:0:3029:2048_1920x0_80_0_0_c961c3f2f9e8f19c0a76a629afb51119.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, маскав, террористӣ, ҳнит, мамнуъ
душанбе, маскав, террористӣ, ҳнит, мамнуъ
Дархости террористӣ эълон кардани ҲНИТ* дар Русия ба додгоҳ фиристода шудааст
12:30 26.07.2022 (Навсозишуда: 13:04 26.07.2022) Додситонии кулли Русия бо ҳамтои тоҷикаш дархости ҷониби Душанберо дар мавриди террористӣ эълон кардани бархе созмону ҳаракатҳо баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Додситонии кулли Русия дархост барои террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон*-ро ба додгоҳ фиристодааст.
Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни сафараш ба Душанбе хабар дод.
Ба иттилои додситонии кулли Русия, масъалаи террористӣ эътироф кардани бархе аз созмону ҳаракатҳо бо дархости ҷониби Душанбе аз мавзуъҳои мулоқоти Краснов бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хоҳад буд, ки 26 июл дар назар аст.
"Ҳамтоямро дар мавриди баррасии дархостҳояш барои дар Русия террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо огоҳ хоҳам кард. Аллакай чунин дархост аз ҷониби мо дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ба додгоҳ фиристода шуд", - изҳор доштааст Краснов.
Вай изҳори бовар намудааст, ки бо ҳамкории созанда ба муборизаи босамар алайҳи таҳдидҳо даст хоҳанд ёфт.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз мулоқоти додситони кулли Русия бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дода афзуд, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Сафари ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов дар Тоҷикистон феълан идома дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон