Вуруди бастаи дигари ваксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон ва даъвати мақомот аз аҳолӣ

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМужчина делает прививку в пункте вакцинации от коронавируса Covid-19
Мужчина делает прививку в пункте вакцинации от коронавируса Covid-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон яке аз омилҳои сабт нашудани гирифторшавии дигарбора ба коронавирусро дар кишвар ба сатҳи баланди ваксинагирӣ рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 204 ҳазор ваксинаи дигарро дастрас кард, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Ба иттилои манбаъ, ваксинаҳои мазкур чанд пештара қаблан ба сокинон гузаронда мешаванд. Зикр гардидааст, ки аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 зиёда аз 15,1 млн ваксина ворид шуда буданд.
Моякӯбӣ бо вояи сеюми ваксина зидди коронавирус дар Тоҷикистон аз оғози соли равон оғоз гардида, феълан идома дорад.
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ба ҳолати аввали моҳи равон вояи аввали ваксинаи зидди коронавирус ба зиеда аз 5,2 млн нафар ё 94% гузаронда шудааст. Вояи дуюмро беш аз 5,1 млн ё 92,2% ва вояи сеюмро зиёда аз 4,1 ё 73,3%-и аҳолии калонсоли кишвар гирифтаанд.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Тасб аст, коронавирус нест: Усмонова вазъи эпидемиологӣ дар Суғдро шарҳ дод
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирусро нагирифтаанд, даъват намудаст, ки ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад. Яке аз омилҳои аслии дигарбора хуруҷ накардани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ба сатҳи баланди ваксинагирӣ миёни сокинони аҳолӣ рабт дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0