Рамзан Қодиров ба президенти Ӯзбекистон туҳфаи гаронбаҳо дод

© Sputnik / Саид ЦарнаевГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон ба Шавкат Мирзиёев дар зодрӯзаш ду аспи зотӣ туҳфа ва дар паёми видеоие президентро шахсан табрик кард
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ба раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 65-солагии зодрӯзаш ду асп туҳфа кард.
Қодиров ҳатто табрикоти худро ба раҳбари Ӯзбекистон дар видео сабт кардааст.
"Шахси хоксору меҳмондӯст ва ҳамзамон сиёсатмадори хирадманду дурандеш - ҳамин тавр метавон Шавкат Миромоновичро тавсиф кард. Ӯ воқеан ошиқ ба ватан аст", — навиштааст раҳбари Чеченистон дар саҳифаи шахсии худ дар ВКонтакте.
Вай ҳамчунин аз мулоқоте, ки бо Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Ӯзбекистон сурат гирифт, гарм ёдовар шуда, хидматҳои шоистаи ӯро қайд кардааст.
Қодиров ҳамчунин изҳори итминон кард, ки бо "дасти салоҳиятдор"-и президент Ӯзбекистон ба "маркази сайёҳии исломӣ" табдил хоҳад ёфт.
"Ба муҳтарам Шавкат Миромонович аз самими қалб саломатии бардавом, умри дароз, инчунин ба Ӯзбекистони бародар сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0