https://sputnik.tj/20220725/prokurori-generalii-rusiya-voridi-dushanbe-1050245198.html
Прокурори генералии Русия вориди Душанбе шуд
Прокурори генералии Русия вориди Душанбе шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Русия барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи додситониҳои кулли ин кишвар ва Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд
2022-07-25T16:30+0500
2022-07-25T16:30+0500
2022-07-25T17:15+0500
дар тоҷикистон
прокуратураи генералӣ
иҷлос
душанбе
юсуф раҳмон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042571358_0:170:3037:1878_1920x0_80_0_0_fb243a74e7c6bc5848b2580ed00113e5.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов, прокурори генералӣ бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омадаст.Ҳамчунин дафтари матбуоти прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду ниҳод дар назар аст.Қайд карда шудааст, ки меҳмонон зимни сафарашон ба Тоҷикистон аз осорхонаи этнографӣ ва Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии “Кохи Наврӯз” дидан карда, ба пояи лавҳаи ёдгории Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе гулчанбар мегузоранд.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зимни вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов Ёддошти тафоҳум дар мавриди самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия барои солҳои 2022-2025, ки ба густариши равобити дуҷониба равона гардидааст, ба имзо расонида шуд.
https://sputnik.tj/20220319/qaror-hukumat-sokhtmon-1046929544.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042571358_153:0:2884:2048_1920x0_80_0_0_c02f01063684accae108261951362a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокурори генералӣ, русия, ҷаласа, муштарак, душанбе
тоҷикистон, прокурори генералӣ, русия, ҷаласа, муштарак, душанбе
Прокурори генералии Русия вориди Душанбе шуд
16:30 25.07.2022 (Навсозишуда: 17:15 25.07.2022) Ҳайати Русия барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи додситониҳои кулли ин кишвар ва Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов, прокурори генералӣ бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омадаст.
“Дар ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин дафтари матбуоти прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду ниҳод дар назар аст.
Қайд карда шудааст, ки меҳмонон зимни сафарашон ба Тоҷикистон аз осорхонаи этнографӣ ва Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии “Кохи Наврӯз” дидан карда, ба пояи лавҳаи ёдгории Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе гулчанбар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зимни вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов Ёддошти тафоҳум дар мавриди самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия барои солҳои 2022-2025, ки ба густариши равобити дуҷониба равона гардидааст, ба имзо расонида шуд.