https://sputnik.tj/20220725/nafaqa-tojikiston-somoni-1050253405.html
Нафақа дар Тоҷикистон: кӣ чанд сомонӣ мегирад?
Нафақа дар Тоҷикистон: кӣ чанд сомонӣ мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Баландтарин пули нафақаро дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегиранд, гуфт Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ
2022-07-25T22:00+0500
2022-07-25T22:00+0500
2022-07-25T22:00+0500
нафақа
пул
тасвирбаён
иҷтимоъ
вмкб
душанбе
суғд
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/19/1050235441_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_926a493c8531f48c198e7f70abe45a68.png
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ҳадди миёнгини пули бознишастагиро дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон 320 сомонӣ арзёбӣ намуд. Ба иттилои Агентӣ, ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1,1 сомонӣ бештар мебошад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин шумори нафақагирон дар соли равон 2,2% афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 июли соли 2022 беш аз 761,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Масъулин таъкид медоранд, ки нафақаи миёнаи аз ҳама баланд дар шаҳри Душанбе дода мешавад, ки муодили 429 сомонӣ мебошад. Нафақахӯрон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 407 сомонӣ пули бознишастагӣ мегиранд. То 25 ҳазор сомонӣ: нафақаи аз ҳама зиёдро дар Тоҷикистон кӣ мегирадИн нишондод дар Хатлон 313 сомонӣ, Суғд 303 сомонӣ ва навоҳии тобеи марказ наздики 300 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар баландтарин нафақаро кормандони бонк ва соҳибкорон мегиранд. Таъкид гардид, ки барои гирифтани нафақаи баланд дар кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва вобаста ба маош пардохт карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки аксари сокинонашон ҷавонони қобили кор мебошанд ва солхӯрдаҳо дар таносуби умумии аҳолӣ нисбатан кам арзёбӣ мешаванд.
вмкб
душанбе
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/19/1050235441_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_86eba63fb6bd7740139cadb7bda15fdc.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафақа, тоҷикистон, ривоят, тасвирбаён
нафақа, тоҷикистон, ривоят, тасвирбаён
Нафақа дар Тоҷикистон: кӣ чанд сомонӣ мегирад?
Баландтарин пули нафақаро дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегиранд, гуфт Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ҳадди миёнгини пули бознишастагиро дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон 320 сомонӣ арзёбӣ намуд.
Ба иттилои Агентӣ, ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1,1 сомонӣ бештар мебошад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин шумори нафақагирон дар соли равон 2,2% афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 июли соли 2022 беш аз 761,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Масъулин таъкид медоранд, ки нафақаи миёнаи аз ҳама баланд дар шаҳри Душанбе дода мешавад, ки муодили 429 сомонӣ мебошад.
Нафақахӯрон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 407 сомонӣ пули бознишастагӣ мегиранд.
Ин нишондод дар Хатлон 313 сомонӣ, Суғд 303 сомонӣ ва навоҳии тобеи марказ наздики 300 сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар баландтарин нафақаро кормандони бонк ва соҳибкорон мегиранд.
Таъкид гардид, ки барои гирифтани нафақаи баланд дар кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва вобаста ба маош пардохт карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки аксари сокинонашон ҷавонони қобили кор мебошанд ва солхӯрдаҳо дар таносуби умумии аҳолӣ нисбатан кам арзёбӣ мешаванд.