https://sputnik.tj/20220725/mard-kudak-kulob-zeri-khok-1050238320.html
Фоҷиа дар Кӯлоб: марду 4 кӯдак зери хок ҷон доданд
Фоҷиа дар Кӯлоб: марду 4 кӯдак зери хок ҷон доданд
Sputnik Тоҷикистон
Талоши хонасозӣ барои харгӯш дар деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо ҳалокати 5 нафар анҷомидааст, ки 4 нафарашон кӯдак - аз 6 то 12 сол доштаанд
2022-07-25T14:00+0500
2022-07-25T14:00+0500
2022-07-25T17:36+0500
дар тоҷикистон
хона
ҳалокат
кӯлоб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_0:28:3000:1716_1920x0_80_0_0_a60b887ef9ef90996d77a5fd68541808.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Панҷ нафар дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, фоҷиаи пурқурбонӣ 24-уми июл рух додааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки 5 нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд. Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ талош кардаанд, ба кумаки ҳамдеҳагонашон расанд, аммо танҳо тавонистаанд, ки 5 ҷасадро аз зери хок берун овардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳалокшудаҳо як марди 45-сола ва боқимонда ноболиғони 12, 10, 9 ва 6-сола зикр намудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба волидони қурбоншудагон таслият арз карда, аз шаҳрвандон хостаст, ноболиғонро ба корҳои хатарнок ҷалб накунанд. Аз чунин корҳое, ки паёмадҳои нохӯш доранд, худдорӣ кунанд ва ҳаргиз набояд ба чунин корҳои пурзаҳмату хатарзо тифлону наврасонро ҷалб намуд, таъкид намудаст КҲФ.
https://sputnik.tj/20220725/barkhurd-mersedes-dushanbe-chanoq-1050234574.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_5e16a3884ae5852f560bfabba8282dc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мард, кӯдак, зери хок, ҷон
мард, кӯдак, зери хок, ҷон
Фоҷиа дар Кӯлоб: марду 4 кӯдак зери хок ҷон доданд
14:00 25.07.2022 (Навсозишуда: 17:36 25.07.2022) Талоши хонасозӣ барои харгӯш дар шаҳри Кӯлоб бо ҳалокати 5 нафар анҷомидааст, ки 4 нафарашон кӯдак буданд ва аз 6 то 12 сол син доштанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Панҷ нафар дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, фоҷиаи пурқурбонӣ 24-уми июл рух додааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки 5 нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд.
"Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар иттилоия.
Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ талош кардаанд, ба кумаки ҳамдеҳагонашон расанд, аммо танҳо тавонистаанд, ки 5 ҷасадро аз зери хок берун овардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳалокшудаҳо як марди 45-сола ва боқимонда ноболиғони 12, 10, 9 ва 6-сола зикр намудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба волидони қурбоншудагон таслият арз карда, аз шаҳрвандон хостаст, ноболиғонро ба корҳои хатарнок ҷалб накунанд.
Аз чунин корҳое, ки паёмадҳои нохӯш доранд, худдорӣ кунанд ва ҳаргиз набояд ба чунин корҳои пурзаҳмату хатарзо тифлону наврасонро ҷалб намуд, таъкид намудаст КҲФ.