Истихбороти Украина барои рабудани ҳавопаймо халабони русро пул ваъда кард

© PixabayПачки долларовых купюр
Пачки долларовых купюр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Бино ба видеоҳои ФСБ, Хадамоти иктишофии низомии Украина ваъда додааст, ба як халабони рус барои рабудани як ҳавопаймо то 2 миллион доллар пардохт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. ФСБ рӯзи душанбе гуфт, амалиёти Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украинаро барои рабудани ҳавопаймоҳои ҷангии Русия, ки таҳти назорати хадамоти махфии кишварҳои НАТО қарор дорад, хунсо кардааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, истихбороти дохилии Русия маълумот ба даст овард, ки ба шарофати он нерӯҳои мусаллаҳи Русия як қатор иншооти низомии Украинаро мунҳадим карданд.
Дар сабт порае аз суҳбати телефонии як корманди Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ва як халабони рус дида мешавад. "Ба шумо фаҳмондем, ки ҳадафи мо ҳавопаймо аст. Ва Шумо инро хуб дарк мекунед. Мо омодаем, пули онро пардохт кунем. Дар сайти Радаи Болоӣ навишта шудааст, ки мо барои чунин чизҳо расман миллион (доллар) медиҳем. Мо метавонем бо шумо розӣ шавем, дар алоҳидагӣ болои як миллионро ман ба шумо кафолат медиҳам”, - гуфт афсари истихборотии Украина.
Самолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Русия ва Ӯзбекистон якҷо ҳавопаймо истеҳсол мекунанд
Аз порчаҳои мукотибаи афсарони иктишофии Украина ва халабонҳои рус бармеояд, барои омодагӣ ба рабудани ҳавопаймо СИУ 4000 доллар пешпардохт мекард, ки онро хаткашонҳо интиқол медоданд. Дар сабт лаҳзаи интиқоли ин пул, хаткашони таъхиркарда ва долларҳои мусодирашуда дида мешаванд.
Дар сабтҳо дида мешавад, халабонҳо, ки гӯё ба рабудани ҳавопаймо розӣ шуда буданд, дар пасманзари ҳавопаймоҳои бомбаандози “Су-24”, ҷанганда-бомбгузори “Су-34” ва бомбандози стратегии “Ту-22М3” шумораи заруриро нигоҳ медоранд.
Истихбороти низомии Украина қасд дошт, ки як ҳавопаймои низомии Русия дар ҷараёни парвозаш рабуда шавад.

"Суоли дигари муҳим: оё шумо парвози ҷангӣ анҷом медиҳед? Чанд бор? То мо нақшаи минбаъдаро фаҳмем", — пурсид як афсари истихбороти украинӣ ҳангоми мукотиба аз яке аз халабонҳои рус.

"Шумо бештар дар кадом самт кор мекунед? Барои банақшагирии бехатари чорабинӣ барои мо ноҳияе лозим аст, ки Шумо корро аз он ҷо оғоз мекунед ", - афзуд корманди Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина.
Хадамоти вижаи Русия порае аз суҳбати телефонии як афсари нерӯҳои ҳавоии Украина бо номи Олег ва яке аз халабонҳои рус дар бораи парвози бехатари ҳавопаймои "рабудашуда" дар болои қаламрави Украинаро мисол меорад.
Артиши Украина қасд дошт, як ҳавопаймои рабудашудаи Русияро дар фурудгоҳи Канатово дар вилояти Кировоград фуруд орад.
"Ман ҳам ба масъалаи омода кардани фурудгоҳ барои фуруд таваҷҷуҳ дорам. Оё шумо барои расидан ба Канатово сӯзишвории кофӣ доред? Ин дар Кировоград аст", - пурсид афсари украинӣ.
Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе хабар дод, ки ба таҷҳизоти авиатсионии нерӯҳои ҳавоии Украина дар фурудгоҳи Канатово зарбаи аслиҳаи дақиқи баландпарвози баҳрӣ ва ҳавоӣ зада шудааст.
Маъмурияти иктишофии Украина бо ваъдаи фиристодани ҳамсарони онҳо ба кишварҳои соҳили Балтика, Олмон ва Булғористон халабонҳои русро ба рабудани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ташвиқ кард.
"Мо метавонем ӯро (зани халабон – аз идора.) шиносномаи хориҷӣ диҳем ва барояш дар яке аз кишварҳои аврупоӣ иҷозаи иқомат бигирем. То замоне ки ӯ шиносномаро нагирад, мо аз Шумо парвоз талаб намекунем. Ӯ ки шиноснома гирифт, пули муносиб мегирад, пулро дар суратҳисобаш хоҳад дид”.
"Агар вай ба Литва, Эстония, Олмон, Булғористон равад, мо дар он ҷо ба ӯ шиносномаи маҳаллӣ медиҳем", - афзуд афсари СИУ.
Истихбороти низомии Украина нақшаи хуруҷи ҳамсари халабон ба яке аз кишварҳои соҳили Балтикро таҳия кардааст. "Ин Латвия, Литва ё Эстония хоҳад буд. Мушаххас аст, ба эҳтимоли зиёд Литва. Куратори мо бо ӯ дар Литва вомехӯрад", - шарҳ дод афсари иктишофӣ.
Дар видеои амалиётии ФСБ нишон дода мешавад, ки шиносномаҳои Руминия ва Словакия аз ҷониби СИУ барои занони халабонҳо омода шудаанд.
"Дар Олмон мо инчунин метавонем дар таҳия ва ҳуҷҷатҳои минбаъда кӯмак кунем. Мо ҳамчунин тавсия медиҳем, Австрия, ки дар он ҷо диаспораи хеле зиёди русҳо вуҷуд дораду як кишвари бароҳат барои зиндагист ё Булғористонро, ки дар он ҷо русҳоро умуман дӯст медоранд, баррасӣ кунем", - гуфт украинӣ.
Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кӯргиреҳи Украина: ИМА дар дуроҳаи интихоби шикаст ва ҷанги ҳастаӣ
Қарор буд, штурмани ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Русияро заҳролуд кунанд, маводи мухаддир ба Волгоград оварда шуда буд, ки дар он ҷо аз ҷониби агентҳои контрразведкаи Русия мусодира шуд. Дар ин бора маводи ФСБ далел аст, ки аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 24" намоиш дода шуд.
Шабакаи "Россия 24" порчае аз суҳбати телефонии як афсари истихбороти Украина ва халабони русро, ки гӯё ба рабудани ҳавопаймо розӣ шудааст, пахш кард.
Маводи мухаддирро ба Волгоград бурданд ва дар анбор гузоштанд. Шабакаи телевизионӣ видеоеро пахш кард, ки ду бастаи клонидин, ки ҳар кадомаш 10 ампулӣ дорад, аз ҷониби афсарони истихбороти дохилии Русия мусодира шудааст.
Лентаи хабарҳо
0