https://sputnik.tj/20220725/ijozat-vurudi-bibliya-quron-kumitai-dini-tojikiston-1050236588.html
Иҷозати вуруди Инҷил ва бозпас гардондани Қуръон: шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон
Иҷозати вуруди Инҷил ва бозпас гардондани Қуръон: шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини Тоҷикистон далели бозпас гардондани ҳудуди 13 тонна китоби Қуръон ва иҷозати вуруди адабиёти ғайриисломиро дар соли равон шарҳ дод 25.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-25T13:30+0500
2022-07-25T13:30+0500
2022-07-25T17:37+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
фарҳанг
қуръон
библия
вуруд
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102322/94/1023229418_0:44:3143:1811_1920x0_80_0_0_8a69eaa448f65efc4cace37310ed2a4d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тартиби вуруди адабиёти динӣ ба Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки марбути кадом дин аст, ягона мебошад. Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, далели бозпас баргардондани китобҳои Қуръон ба Афғонистонро риоя нашудани тартиби вуруд хонд. Давлатзода гуфт, зимни вуруди ҳар адабиёти динӣ бояд қаблан ба Кумитаи дини Тоҷикистон муроҷиат сурат гираду он аз ташхис гузарад. Аммо дар ҳолати вуруди Қуръон аз Афғонистон тартибот нақз шуда, пешакӣ муроҷиат сурат нагирифтаст, иттилоъ дод раиси Кумита. Вай таъкид намуд, ки маҳз ба далели нақзи тартиботи вуруд мақомоти гумруки Хатлон адабиёти динии зикршударо бозпас гардондаст. "Барои чопи адабиёти динӣ дар дохили кишвар шароит аст, чопи навбатии Қуръонро ба роҳ монда будем. Ҳар ташкилоти динӣ агар хоҳад, ки адабиётро чоп кунад, метавонад муроҷиат кунад", - афзуд Сулаймонзода.Дар мавриди адабиёти ғайриисломӣ масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштанд, ки тайи нимсолаи аввали соли равон муроҷиатҳо барои вуруд ва чопи он ҷой доштанд. Манбаъ зикр намуд, ки аз ҷумла як бор барои чопи 5 ҳазор китоби Библия ва як бор барои вуруди 20 ҳазори он бо забонҳои тоҷикию русӣ аз хориҷи кишвар муроҷиат сабт гардидаст, ки ҳардуяш ҳам иҷозат дода шуданд. Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид намуданд, ки барои қонеъ намудани талаботи пайравони ҳар дину мазҳаб дар сурати муроҷиат ва риояи тартибот иҷозат дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220309/farzandonam-chandsolagi-namoz-quron-1046658527.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102322/94/1023229418_183:0:2912:2047_1920x0_80_0_0_19fb9de216d8a46b35771253e138a074.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дин ва оин, фарҳанг, қуръон, библия, вуруд, кумитаи дин
дар тоҷикистон, дин ва оин, фарҳанг, қуръон, библия, вуруд, кумитаи дин
Иҷозати вуруди Инҷил ва бозпас гардондани Қуръон: шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон
13:30 25.07.2022 (Навсозишуда: 17:37 25.07.2022) Кумитаи дини Тоҷикистон далели бозпас гардондани ҳудуди 13 тонна китоби Қуръон ва иҷозати вуруди адабиёти ғайриисломиро дар соли равон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тартиби вуруди адабиёти динӣ ба Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки марбути кадом дин аст, ягона мебошад.
Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, далели бозпас баргардондани китобҳои Қуръон ба Афғонистонро риоя нашудани тартиби вуруд хонд.
Давлатзода гуфт, зимни вуруди ҳар адабиёти динӣ бояд қаблан ба Кумитаи дини Тоҷикистон муроҷиат сурат гираду он аз ташхис гузарад. Аммо дар ҳолати вуруди Қуръон аз Афғонистон тартибот нақз шуда, пешакӣ муроҷиат сурат нагирифтаст, иттилоъ дод раиси Кумита.
Вай таъкид намуд, ки маҳз ба далели нақзи тартиботи вуруд мақомоти гумруки Хатлон адабиёти динии зикршударо бозпас гардондаст.
"Барои чопи адабиёти динӣ дар дохили кишвар шароит аст, чопи навбатии Қуръонро ба роҳ монда будем. Ҳар ташкилоти динӣ агар хоҳад, ки адабиётро чоп кунад, метавонад муроҷиат кунад", - афзуд Сулаймонзода.
Дар мавриди адабиёти ғайриисломӣ масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштанд, ки тайи нимсолаи аввали соли равон муроҷиатҳо барои вуруд ва чопи он ҷой доштанд.
Манбаъ зикр намуд, ки аз ҷумла як бор барои чопи 5 ҳазор китоби Библия ва як бор барои вуруди 20 ҳазори он бо забонҳои тоҷикию русӣ аз хориҷи кишвар муроҷиат сабт гардидаст, ки ҳардуяш ҳам иҷозат дода шуданд.
Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид намуданд, ки барои қонеъ намудани талаботи пайравони ҳар дину мазҳаб дар сурати муроҷиат ва риояи тартибот иҷозат дода мешавад.