https://sputnik.tj/20220725/bozgardondani-zan-kudak-suriya-vatan-1050248387.html
Бозгардондани 42 зан ва 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан
Бозгардондани 42 зан ва 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои аҷирони ДОИШ-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд
2022-07-25T19:00+0500
2022-07-25T19:00+0500
2022-07-25T19:00+0500
дар тоҷикистон
сурия
занон
кӯдакон
бозгардонӣ
зубайдзода зубайдулло
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103011/10/1030111007_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6f9f15eba2ed5368c88fbce7a1ca9fe6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия ахиран 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШ-ро ба Тоҷикистон супурданд, иттилоъ додааст Нawarnews.“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, - Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".Ёдовар мешавем, ки қаблан Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт санде пеш дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия бо мақомҳои баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо муовини президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия дар умури масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ масъалаи ба Ватан баргардондани садҳо шаҳрванди тоҷикро аз урдугоҳҳои ин кишвар баррасӣ карда буд.Бояд гуфт, ки дар солҳои авҷи фаъолиятҳои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ дар Сурияву Ироқ дар сарзаминҳои ишғолкардаи ин гурӯҳ ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо аҳли оилаҳояшон ба Сурияву Ироқ рафтанд ва ба саффи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастанд.Ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 500 тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва зану фарзандони онҳо дар ҷараёни ҷангҳову бомбаборонҳо дар Ироқу Сурия кушта шуда, баъди аз дасти ДОИШ пас гирифтани тақрибан ҳама сарзаминҳои таҳти назораташ даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва ҳамин тавр, беш аз 400 нафар аз занону фарзандони онҳо ба асорат афтоданд.Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, то занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро ба Ватан баргардонанд. Моҳи апрели соли 2019 бо талошҳои сафир Зубайдулло Зубайдзода, 84 кӯдаки тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонданд.Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, чанд сол боз беш аз 260 зану кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Рожи Сурия қарор доранд.
https://sputnik.tj/20220720/bayoniyai-rusiya-turkiya-eron-suriya-1050118980.html
https://sputnik.tj/20220704/safir-suriya-rusiya-gharb-turkiya-jangiyoni-doish-ukraina-1049716775.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103011/10/1030111007_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_becee5f6b1a7d2b9f74e46f76d7e21bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сурия, бозгардонӣ, ватан, доиш, кӯдакон, занон, хонавода, намоянда
тоҷикистон, сурия, бозгардонӣ, ватан, доиш, кӯдакон, занон, хонавода, намоянда
Бозгардондани 42 зан ва 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан
Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои пайравони ДОИШ-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия ахиран 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШ-ро ба Тоҷикистон супурданд, иттилоъ додааст Нawarnews.
“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, - Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
Ёдовар мешавем, ки қаблан Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт санде пеш дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия бо мақомҳои баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо муовини президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия дар умури масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ масъалаи ба Ватан баргардондани садҳо шаҳрванди тоҷикро аз урдугоҳҳои ин кишвар баррасӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои авҷи фаъолиятҳои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ дар Сурияву Ироқ дар сарзаминҳои ишғолкардаи ин гурӯҳ ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо аҳли оилаҳояшон ба Сурияву Ироқ рафтанд ва ба саффи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастанд.
Ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 500 тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва зану фарзандони онҳо дар ҷараёни ҷангҳову бомбаборонҳо дар Ироқу Сурия кушта шуда, баъди аз дасти ДОИШ пас гирифтани тақрибан ҳама сарзаминҳои таҳти назораташ даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва ҳамин тавр, беш аз 400 нафар аз занону фарзандони онҳо ба асорат афтоданд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, то занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро ба Ватан баргардонанд. Моҳи апрели соли 2019 бо талошҳои сафир Зубайдулло Зубайдзода, 84 кӯдаки тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонданд.
Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, чанд сол боз беш аз 260 зану кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Рожи Сурия қарор доранд.