https://sputnik.tj/20220724/tor-tavono-raketa-1050213707.html
"Тор"-и тавоно: қудрати маҷмааи мушакии Русия - видео
"Тор"-и тавоно: қудрати маҷмааи мушакии Русия - видео
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмаи мудофиаи ҳавоии "Тор-М2У", ки миёни низомиён "чашми ҳамабин" ном гирифтааст, аз ҷумла амнияти ҳаракати қатори техникаи ҳарбиро таъмин мекунад
2022-07-24T12:00+0500
2022-07-24T12:00+0500
2022-07-25T18:11+0500
видео
дар русия
маҷмаа
мушак
вазорати мудофиа
ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/18/1050213875_0:120:3213:1927_1920x0_80_0_0_850a41fcb1c422f50e0b6184ff638f6f.jpg
Вазорати дифои Русия наворҳои амалиёти ҷангии маҷмааи тактикии дифои ҳавоии "Тор-М2У"-ро нашр кард. Дар навор инъикос ёфтааст, ки чӣ гуна маҷмааи мазкур сарфи назар аз вақти рӯз ва дахолату монеаҳои беруна, ба ҳавопаймоҳо ва мушакҳои ҳариф зарба мезанад. Низомиён маҷмааи зиддимушакии "Тор"-ро "чашми ҳамабин" меноманд, зеро чунин дастгоҳи ҷангӣ ҳавопаймо ва мушакҳои душманро ва дар ҳама гуна шароит "мебинад". Дар кабинаи маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ мониторҳо гузошта шудаанд, ки аз рӯи онҳо баъд аз ба кор андохта шудани радар, пайдоиши объектҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона назорат карда мешавад. Нобудсозии аслиҳаи интиқолдодаи НАТО дар УкраинаМақомоти мудофиаи Русия мегӯянд, ба шарофати ин гуна таҷҳизот, маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ ҳаракати қатори техникаи ҳарбиро назорат мебарад. Ҳамчунин аз ин маҷмаа барои ҳимояи қатори мошинҳо бо кумакҳои башардӯстона кор бурда мешавад. Вазифаи асосии чунин маҷмааи ба истилоҳ "ЗРК" ин мудофиаи ҳавоӣ ва мушакӣ мебошад, ки дар ин кор "Тор" бо самаранокии баландаш фарқ мекунад. Таъкид шудааст, ки ин таҷҳизот тавони истодагарӣ дар баробари ҳамлаҳои бошиддати ҳавоӣ, чӣ бо истифода аз ҳамопаймоҳо ва чӣ бесарнишинҳои ҷангиро дорад. Зикр гардидааст, ки дар мудофиаи ҳавоӣ "Тор" дар ҳолатҳое ҳам самаранок аст, ки агар ҷониби ҳариф онро мавриди оташ қарор диҳад ё монеаҳои радиоэлектронӣ эҷод намояд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/18/1050213875_240:0:2971:2048_1920x0_80_0_0_df121be0680d683322e65dbd0f8298f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, ҷангӣ, мудофиа, ҳавоӣ, тор
кор, ҷангӣ, мудофиа, ҳавоӣ, тор
"Тор"-и тавоно: қудрати маҷмааи мушакии Русия - видео
12:00 24.07.2022 (Навсозишуда: 18:11 25.07.2022) Маҷмаи мудофиаи ҳавоии "Тор-М2У", ки миёни низомиён "чашми ҳамабин" ном гирифтааст, аз ҷумла амнияти ҳаракати қатори техникаи ҳарбиро таъмин мекунад
Вазорати дифои Русия наворҳои амалиёти ҷангии маҷмааи тактикии дифои ҳавоии "Тор-М2У"-ро нашр кард.
Дар навор инъикос ёфтааст, ки чӣ гуна маҷмааи мазкур сарфи назар аз вақти рӯз ва дахолату монеаҳои беруна, ба ҳавопаймоҳо ва мушакҳои ҳариф зарба мезанад.
Низомиён маҷмааи зиддимушакии "Тор"-ро "чашми ҳамабин" меноманд, зеро чунин дастгоҳи ҷангӣ ҳавопаймо ва мушакҳои душманро ва дар ҳама гуна шароит "мебинад".
Дар кабинаи маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ мониторҳо гузошта шудаанд, ки аз рӯи онҳо баъд аз ба кор андохта шудани радар, пайдоиши объектҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона назорат карда мешавад.
Мақомоти мудофиаи Русия мегӯянд, ба шарофати ин гуна таҷҳизот, маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ ҳаракати қатори техникаи ҳарбиро назорат мебарад. Ҳамчунин аз ин маҷмаа барои ҳимояи қатори мошинҳо бо кумакҳои башардӯстона кор бурда мешавад.
Вазифаи асосии чунин маҷмааи ба истилоҳ "ЗРК" ин мудофиаи ҳавоӣ ва мушакӣ мебошад, ки дар ин кор "Тор" бо самаранокии баландаш фарқ мекунад.
Таъкид шудааст, ки ин таҷҳизот тавони истодагарӣ дар баробари ҳамлаҳои бошиддати ҳавоӣ, чӣ бо истифода аз ҳамопаймоҳо ва чӣ бесарнишинҳои ҷангиро дорад. Зикр гардидааст, ки дар мудофиаи ҳавоӣ "Тор" дар ҳолатҳое ҳам самаранок аст, ки агар ҷониби ҳариф онро мавриди оташ қарор диҳад ё монеаҳои радиоэлектронӣ эҷод намояд.