https://sputnik.tj/20220724/nom-nav-fehrast-ghayridust-rusiya-1050217593.html
Номҳои нав дар феҳрасти давлатҳои ғайридӯсти Русия
Номҳои нав дар феҳрасти давлатҳои ғайридӯсти Русия
Sputnik Тоҷикистон
Ҷой гирифтани ин ё он давлат дар рӯйхати ғайридӯстҳо имконият медиҳад, ки давлат, шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия қарзашонро ба ин кишварҳо бо рубл гардонанд
2022-07-24T17:00+0500
2022-07-24T17:00+0500
2022-07-25T18:02+0500
дар русия
қарор
ҳукумат
дӯстӣ
таҳрим
пули миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101384/07/1013840742_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_19f343515df702fa7a63c0cc60e3d0d4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия рӯйхати кишварҳо ва қаламравҳоеро, ки номатлубу ғайридӯст ҳисобида мешаванд, боз васеъ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти кобинаи вазирони ФР. "Ҳукумат рӯйхати давлатҳо ва қаламравҳои хориҷиро, ки алайҳи Русия, ширкатҳо ва шаҳрвандони ин кишвар амалҳои номатлубу ғайридӯстона анҷом медиҳанд, васеъ кардааст", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. Таъкид гардидааст, ки қарор дораи бораи зами номҳои ҷадид ба феҳрасти ғайридӯстҳо аллакай имзо гардид. Ҳамин тариқ ҷазираҳои Гернси ва Мэн минбаъд барои Русия ғайридӯст ҳисобида мешаванд, чун таҳримҳои Бритониёро алайҳи ФР, шаҳрвандон ва ширкатҳои он дастгирӣ мекунанд. Ҷазираҳои Баҳам низ дар ин рӯйхат ҷой гирифтаанд, чун ҳамаи амалиёт бо Бонки Русия, Вазорати молия ва як қатор дигар ташкилотҳои қарзии кишварро лағв ва манъ кард. Таъкид мешавад, ки ин рӯйхат барои иҷрои фармони раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди қарздиҳандагони алоҳидаи хориҷӣ" тасвиб шудааст. Тибқи ин санад, шаҳрвандони Русия, ширкатҳо, худи давлат, вилоятҳо ва шаҳрдорӣ, ки дар назди қарздиҳандагон аз феҳристи кишварҳои ғайридӯст қарздоранд, метавонанд пули онҳоро бо пули миллӣ, яъне рубл пардохт кунанд. Қаблан Юнон, Дания, Словения, Хорватия ва Словакия ба феҳристи кишварҳои ғайридӯст шомил шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220723/orban-tahrimot-maskav-avrupo-1050206361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101384/07/1013840742_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_ac71ef5aa649cf4176b670e8d3abb346.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, рӯйхат, ғайридӯст, васеъ
русия, рӯйхат, ғайридӯст, васеъ
Номҳои нав дар феҳрасти давлатҳои ғайридӯсти Русия
17:00 24.07.2022 (Навсозишуда: 18:02 25.07.2022) Ҷой гирифтани ин ё он давлат дар рӯйхати ғайридӯстҳо имконият медиҳад, ки давлат, шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия қарзашонро ба ин кишварҳо бо рубл баргардонанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия рӯйхати кишварҳо ва қаламравҳоеро, ки номатлубу ғайридӯст ҳисобида мешаванд, боз васеъ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти кобинаи вазирони ФР.
"Ҳукумат рӯйхати давлатҳо ва қаламравҳои хориҷиро, ки алайҳи Русия, ширкатҳо ва шаҳрвандони ин кишвар амалҳои номатлубу ғайридӯстона анҷом медиҳанд, васеъ кардааст", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Таъкид гардидааст, ки қарор дораи бораи зами номҳои ҷадид ба феҳрасти ғайридӯстҳо аллакай имзо гардид.
Ҳамин тариқ ҷазираҳои Гернси ва Мэн минбаъд барои Русия ғайридӯст ҳисобида мешаванд, чун таҳримҳои Бритониёро алайҳи ФР, шаҳрвандон ва ширкатҳои он дастгирӣ мекунанд.
Ҷазираҳои Баҳам низ дар ин рӯйхат ҷой гирифтаанд, чун ҳамаи амалиёт бо Бонки Русия, Вазорати молия ва як қатор дигар ташкилотҳои қарзии кишварро лағв ва манъ кард.
Таъкид мешавад, ки ин рӯйхат барои иҷрои фармони раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди қарздиҳандагони алоҳидаи хориҷӣ" тасвиб шудааст.
Тибқи ин санад, шаҳрвандони Русия, ширкатҳо, худи давлат, вилоятҳо ва шаҳрдорӣ, ки дар назди қарздиҳандагон аз феҳристи кишварҳои ғайридӯст қарздоранд, метавонанд пули онҳоро бо пули миллӣ, яъне рубл пардохт кунанд.
Қаблан Юнон, Дания, Словения, Хорватия ва Словакия ба феҳристи кишварҳои ғайридӯст шомил шуда буданд.