https://sputnik.tj/20220724/hamoish-hamohangsozoni-shsh-toshkand-1050227365.html
Ҳамоиши ҳамоҳангсозони СҲШ дар Тошканд: омодагӣ ба мулоқоти вазирону президентҳо
Ҳамоиши ҳамоҳангсозони СҲШ дар Тошканд: омодагӣ ба мулоқоти вазирону президентҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон, ки соли равон раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад, ба мизбонии ҳамоишҳои муҳими ин ин созмон оғоз кардааст
2022-07-24T19:00+0500
2022-07-24T19:00+0500
2022-07-25T17:55+0500
ӯзбекистон
созмони ҳамкории шанхай
сиёсат
ҳамкорӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1f0b9d11c4d11f30351bdf3ffe7970ce.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай- СҲШ баргузор шуд, хабар дод Sputnik Ӯзбекистон. Ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагони ҳамоиш, омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, ки аз 28 то 29 июл дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ намуданд. Ҳамчунин омодасозии аснодро барои ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ин созмон, ки аз 15 то 16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, идома додаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои аввали август Тошканд боз мизбони ҳамоиши намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд. Ӯзбекистон феълан раёсати СҲШ-ро бар ӯҳда дорад ва азм дорад, ҳамкориҳо дар ин бахшро таҳким бахшад. Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад.СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
https://sputnik.tj/20220715/emomal-rahmon-shsh-shirkat-1050014484.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_83:0:804:541_1920x0_80_0_0_79a2c298a339cfe634e6f6bec9372719.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, мулоқот, президент, самарқанд
баррасӣ, мулоқот, президент, самарқанд
Ҳамоиши ҳамоҳангсозони СҲШ дар Тошканд: омодагӣ ба мулоқоти вазирону президентҳо
19:00 24.07.2022 (Навсозишуда: 17:55 25.07.2022) Ӯзбекистон, ки соли равон раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад, ба мизбонии ҳамоишҳои муҳими ин созмон оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай- СҲШ баргузор шуд, хабар дод Sputnik Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагони ҳамоиш, омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, ки аз 28 то 29 июл дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин омодасозии аснодро барои ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ин созмон, ки аз 15 то 16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, идома додаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои аввали август Тошканд боз мизбони ҳамоиши намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд.
Ӯзбекистон феълан раёсати СҲШ-ро бар ӯҳда дорад ва азм дорад, ҳамкориҳо дар ин бахшро таҳким бахшад. Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.