https://sputnik.tj/20220723/tojikiston-rushd-bakhsh-oyandador-tajriba-uzbekiston-1050202622.html
Тоҷикистон барои рушди як бахши ояндадор аз таҷрибаи Ӯзбекистон кор мегирад
Тоҷикистон барои рушди як бахши ояндадор аз таҷрибаи Ӯзбекистон кор мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар мегӯяд, бо назардошти даромад ва ояндадорӣ Тоҷикистон ба рушди кирмакпарварӣ диққати махсус медиҳад 23.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-23T12:30+0500
2022-07-23T12:30+0500
2022-07-25T18:35+0500
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
пилла
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102196/61/1021966140_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_5ca0a2d713658c1f92fbfac7495264a3.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад барои рушди бахши пиллапарварӣ аз таҷрибаи Ӯзбекистон, ки аз бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи ин маҳсулот ва Чин истифода барад.Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар мегӯяд, ҳамсоякишвар дар ин самт дастовардҳои назаррас дорад ва Тоҷикистон низ бо назардошти имконот аз таҷрубаи онҳо кор мегирад.Вазир гуфт, дар мавсими 2022 дар кишвар тақрибан 340 тонна пилла истеҳсол шуд.Ӯ сабаби коҳиши истеҳсоли ин маҳсулотро дар кишвар тайи солҳои ахир ба камбуди барги тут рабт дод.Ӯ дар мисоли Ӯзбекистон, ки заминҳои зиёд дорад гуфт, 54 ҳазор гектар боғи тут барои пилла бунёд кардаанд, аммо мутаассифона инро мо надорем, вале корбариҳо идома дорад.Оқои Кабир ин соҳаро аз сердаромадтарин соҳаи ояндадор унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло як тонна пахтаи коркардшуда дар бозор то 3 ҳазор доллар ва пас аз коркарду истеҳсоли либос он 8-10 ҳазор доллар мешавад.Аммо як тонна пилла пас аз коркард ва истеҳсоли ин ё он маҳсулот ва ё либоси абрешимӣ то 250 ҳазор доллар мерасад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон дастур дода буд, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.Ӯ заминҳои тутзорро низ ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод кард.
https://sputnik.tj/20220619/kirmakparvari-tojikiston-sabuki-1049333579.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102196/61/1021966140_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_11995a51bb035319a83fccf3f63c6078.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон, пилла, дар тоҷикистон, иқтисод
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон, пилла, дар тоҷикистон, иқтисод
Тоҷикистон барои рушди як бахши ояндадор аз таҷрибаи Ӯзбекистон кор мегирад
12:30 23.07.2022 (Навсозишуда: 18:35 25.07.2022) Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар мегӯяд, бо назардошти даромад ва ояндадорӣ Тоҷикистон ба рушди кирмакпарварӣ диққати махсус медиҳад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад барои рушди бахши пиллапарварӣ аз таҷрибаи Ӯзбекистон, ки аз бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи ин маҳсулот ва Чин истифода барад.
Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар мегӯяд, ҳамсоякишвар дар ин самт дастовардҳои назаррас дорад ва Тоҷикистон низ бо назардошти имконот аз таҷрубаи онҳо кор мегирад.
Вазир гуфт, дар мавсими 2022 дар кишвар тақрибан 340 тонна пилла истеҳсол шуд.
Ӯ сабаби коҳиши истеҳсоли ин маҳсулотро дар кишвар тайи солҳои ахир ба камбуди барги тут рабт дод.
"Мушкили асосии пиллапарварӣ дар Тоҷикистон ин таъмини кирмакҳо бо барки тут, ки хӯрокаш аст, мебошад. Тутҳое, ки дар замони Шӯравӣ шинонида буданд, ҳама пир ва ҳосилнокияшон низ кам гардид", - афзуд мавсуф.
Ӯ дар мисоли Ӯзбекистон, ки заминҳои зиёд дорад гуфт, 54 ҳазор гектар боғи тут барои пилла бунёд кардаанд, аммо мутаассифона инро мо надорем, вале корбариҳо идома дорад.
Оқои Кабир ин соҳаро аз сердаромадтарин соҳаи ояндадор унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло як тонна пахтаи коркардшуда дар бозор то 3 ҳазор доллар ва пас аз коркарду истеҳсоли либос он 8-10 ҳазор доллар мешавад.
Аммо як тонна пилла пас аз коркард ва истеҳсоли ин ё он маҳсулот ва ё либоси абрешимӣ то 250 ҳазор доллар мерасад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон дастур дода буд, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.
Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
Ӯ заминҳои тутзорро низ ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод кард.