https://sputnik.tj/20220723/sokini-10-millionai-tojikiston-tavallud-shud-u-kist-1050208413.html
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд: ӯ кист?
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд: ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Ин тифл дар як оилаи ҷавон дар пойтахт ба дунё омада, табибон вазъи саломатияш хуб арзёбӣ кардаанд. Ба ӯ исми Фирдавсро гузоштаанд
2022-07-23T16:46+0500
2022-07-23T16:46+0500
2022-07-25T18:32+0500
дар тоҷикистон
аҳолӣ
иҷтимоъ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/17/1050208659_40:0:800:428_1920x0_80_0_0_db5608cdd19d8442f8fced1723002d31.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Аҳолии Тоҷикистон имрӯз 23 июл, соати 12:00 ба 10 миллион нафар расид, хабар медиҳад "Ховар"."Писаре, ки имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид", - афзудааст манбаъ.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Агентии омори кишвар, волидони ин навзод сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд. Гуфта мешавад, ки падари сокини 10-миллионаи Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.Тибқи иттилои сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Агентии омори кишвар Абдувалӣ Набизода, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод.Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.Ин масъули Агентии омор мегӯяд, ки шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд мешавад, ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.Қаблан низ, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.Номбурда гуфт, дар 30 сол аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар зиёд шудааст, ки афзоиши 1,8 баробариро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20220716/aholi-tojikiston-meafzoyad-omil-1050031916.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/17/1050208659_227:0:800:430_1920x0_80_0_0_73c60235c88cd6c97d276588447415a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокини 10-миллионаи тоҷикистон таваллуд
сокини 10-миллионаи тоҷикистон таваллуд
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд: ӯ кист?
16:46 23.07.2022 (Навсозишуда: 18:32 25.07.2022) Ин тифл дар як оилаи ҷавон дар пойтахт ба дунё омада, табибон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. Ба ӯ исми Фирдавсро гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Аҳолии Тоҷикистон имрӯз 23 июл, соати 12:00 ба 10 миллион нафар расид, хабар медиҳад "Ховар".
"Писаре, ки имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид", - афзудааст манбаъ.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Агентии омори кишвар, волидони ин навзод сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд.
Гуфта мешавад, ки падари сокини 10-миллионаи Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.
"Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кӯдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рӯи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст", - афзудааст манбаъ.
Тибқи иттилои сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Агентии омори кишвар Абдувалӣ Набизода, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
Ин масъули Агентии омор мегӯяд, ки шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд мешавад, ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.
Қаблан низ, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Номбурда гуфт, дар 30 сол аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар зиёд шудааст, ки афзоиши 1,8 баробариро нишон медиҳад.