То 25 ҳазор сомонӣ: нафақаи аз ҳама зиёдро дар Тоҷикистон кӣ мегирад

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Барои муайян кардани нафақаи шаҳрванд дар кишвар барномаи эллектроние роҳандозӣ шудааст, ки он бо назардошти кор ва музди меҳнат нафақаро таъйин мекунад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон баландтарин нафақаро кормандони бонк ва соҳибкорон дарёфт мекунад, мегӯяд Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, барои гирифтани нафақаи баланд дар кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудаас.
Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мерасонад, мегӯяд Давлатзода.
"Ҳоло дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва СИН-и шахс ворид карда мешавад. Ин барнома тамоми фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъйин мекунад", - афзуд раиси Агентӣ.
Вай гуфт, ки қаблан дар кишвар нафақаи кормандони корхонаҳои саҳомӣ ва хусусӣ зиёд буд, вале солҳои охир бо ворид гардидани баъзе тағйирот ба қонунгузорӣ нафақаи ин кормандон паст карда шуд.
"Дар маҷмӯъ, дар давраҳои пеш нафақаи баландтаринро кормандони бонк ва соҳибкорон мегирифтанд. Ба монанди баъзе кормандони бонк, ки музди меҳнаташон баланд буд ва то 18-19 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Имрӯз низ нафақахӯроне ҳастанд, ки нафақаи баландтарини то 22-25 ҳазор сомонӣ мегиранд",- гуфт манбаъ.
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бахши молия мегиранд. Инчунин, кормандони бозори суғурта ба қатори категорияҳои коргарони муздгиранда дохил мешаванд.
Ба ин тартиб, тибқи омор, маоши коргарони ин бахшҳо беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, солҳои тӯлонӣ маоши камтарин барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорон – 726 сомонӣ будааст.
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Мақомот маблағи пардохти нафақа барои як моҳро эълон карданд
Тибқи иттилои мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ шумори нафагирон дар соли равон 2,2 дарсад афзоиш ёфта ба ҳолати 1 июли соли 2022 761 ҳазору 312 нафарро ташкил дод, ки ҳадди миёнгини бознишастагӣ 320,09 сомониро ташкил медиад.
Дар умум барои тамоми бознишастагон давлат ҳар моҳ барои пардохти нафақа 253,3 миллион сомонӣ масраф мекунад, ки ин назар ба хамин давраи соли 2021 2,4 дарсад ё худ 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Номбурда мегӯяд, ҳаҷми миёнаи нафақа дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин дараи соли гузашта 1 сомониву 17 дирам афзоиш додааст.
Лентаи хабарҳо
0