https://sputnik.tj/20220723/khf-gamrmi-tojikiston-1050205878.html
КҲФ гуфт, ки гармиҳои ғайримуқаррарӣ Тоҷикистонро кай тарк мекунад
КҲФ гуфт, ки гармиҳои ғайримуқаррарӣ Тоҷикистонро кай тарк мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон, гармӣ на камтар аз ду ҳафта давом мекунад. Дар ин вақт шумо бояд хеле эҳтиёткор бошед ва дастурҳои мутахассиссонро риоя кунед
2022-07-23T14:35+0500
2022-07-23T14:35+0500
2022-07-25T18:32+0500
кҳф
дар тоҷикистон
ҳавои гарм
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050159228_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_1fb87276786bc17437f3a85228a71b95.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. То охири моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ идома дошта, дар водиҳо то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 47 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 37-40 дараҷа ва дар вилояти Дарвози ВМКБ то 42-44 дараҷа гарм мешавад. Илова бар ин, КҲФ хабар медиҳад, ки аз 22 то 25 июл дар навоҳии баландкуҳ бар асари гармии ғайримуқаррарӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об баланд мешавад, ки дар ин минтақа хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд, ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз садамаҳо якҷоя бо мутахассисони КҲФ нақшаи ҳаракат ба кӯҳистонро таҳия кунанд. Ҳангоми истироҳат дар назди об, шумо бояд махсусан эҳтиёт бошед. Набояд дар ҷойҳои ношинос шино кунед, ки дар он ҷо қаъри санглох, алафҳо ё ҷараёни шадид вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, дар назди обанборҳо ба бачагони хурдсол дққати махсус додан лозим аст, ки аз соҳил дур шино накунанд.Барои пешгирии гармии аз ҳад зиёд, КҲФ чунин тавсия медиҳад: Аз фаъолияти шадиди ҷисмонӣ худдорӣ намоед; Кӯшиш кунед, ки дар соя бимонед; Кӯдаконро дар мошинҳо зери офтоб нагузоред; Ба режими нӯшокӣ риоя кунед;Либоси сабуки озод пӯшед.
https://sputnik.tj/20220720/shinovari-behkatar-tojikiston-1050125410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050159228_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f6d9c9df28e0352e652a7bbd3fbf5fc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф гамрмиҳо тоҷикистонро тарк
кҳф гамрмиҳо тоҷикистонро тарк
КҲФ гуфт, ки гармиҳои ғайримуқаррарӣ Тоҷикистонро кай тарк мекунад
14:35 23.07.2022 (Навсозишуда: 18:32 25.07.2022) Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон, гармӣ на камтар аз ду ҳафта давом мекунад. Дар ин вақт шумо бояд хеле эҳтиёткор бошед ва дастурҳои мутахассисонро риоя кунед
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. То охири моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ идома дошта, дар водиҳо то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 47 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 37-40 дараҷа ва дар вилояти Дарвози ВМКБ то 42-44 дараҷа гарм мешавад.
Илова бар ин, КҲФ хабар медиҳад, ки аз 22 то 25 июл дар навоҳии баландкуҳ бар асари гармии ғайримуқаррарӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об баланд мешавад, ки дар ин минтақа хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд, ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз садамаҳо якҷоя бо мутахассисони КҲФ нақшаи ҳаракат ба кӯҳистонро таҳия кунанд.
Ҳангоми истироҳат дар назди об, шумо бояд махсусан эҳтиёт бошед. Набояд дар ҷойҳои ношинос шино кунед, ки дар он ҷо қаъри санглох, алафҳо ё ҷараёни шадид вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин, дар назди обанборҳо ба бачагони хурдсол дққати махсус додан лозим аст, ки аз соҳил дур шино накунанд.
Барои пешгирии гармии аз ҳад зиёд, КҲФ чунин тавсия медиҳад:
Аз фаъолияти шадиди ҷисмонӣ худдорӣ намоед;
Кӯшиш кунед, ки дар соя бимонед;
Кӯдаконро дар мошинҳо зери офтоб нагузоред;
Ба режими нӯшокӣ риоя кунед;
Либоси сабуки озод пӯшед.