https://sputnik.tj/20220723/idomai-garmihoi-toqatfarso-dar-tojikiston-1050203257.html
Идомаи гармиҳои тоқатфарсо дар Тоҷикистон: дар Хатлон аз ҳама зиёд
Идомаи гармиҳои тоқатфарсо дар Тоҷикистон: дар Хатлон аз ҳама зиёд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияҳои водигии кишвар ҳаво то 40+45 ва ҷанубии ҷумҳурӣ то 47 дараҷа гарм мешавад, ки мақомот дар робита ба ин аз шаҳрвандон хостаанд, эҳтиёткор бошанд
2022-07-23T11:05+0500
2022-07-23T11:05+0500
2022-07-25T18:58+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
кҳф
ҳавои гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040332318_0:0:3159:1777_1920x0_80_0_0_8b206a3c17807caf414457d3445cbb11.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон гармои шадид идома дорад ва тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии кишвар ин бояд охирин рӯзи чунин тафсониҳо бошад.Бино ба пешгӯии ин ниҳод, дар ВМКБ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 27+27 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.Гармииҳои аз ҳад зиёд Хатлониёнро интизор аст.Дар ин минтақа ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.Қаблан КҲФ ҳушдор дода буд, ки гармиҳои шадид то 23 июл идома меёбад.Ин ниҳод аз сокинон хоста буд, ки тайи рӯзҳои гарм бештар мувозиби кӯдакон ва калонсолон бошанд.
https://sputnik.tj/20220720/shinovari-behkatar-tojikiston-1050125410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040332318_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b2e34c0bd1878f745d1909e1844a3cda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гармиҳо тоқатфарсо тоҷикистон
гармиҳо тоқатфарсо тоҷикистон
Идомаи гармиҳои тоқатфарсо дар Тоҷикистон: дар Хатлон аз ҳама зиёд
11:05 23.07.2022 (Навсозишуда: 18:58 25.07.2022) Дар водиҳои кишвар ҳаво то 40+45 ва ҷанубии ҷумҳурӣ то 47 дараҷа гарм мешавад, ки мақомот дар робита ба ин аз шаҳрвандон хостаанд, эҳтиёткор бошанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон гармои шадид идома дорад ва тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии кишвар ин бояд охирин рӯзи чунин тафсониҳо бошад.
Бино ба пешгӯии ин ниҳод, дар ВМКБ ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 27+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Гармииҳои аз ҳад зиёд Хатлониёнро интизор аст.
Дар ин минтақа ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.
Қаблан КҲФ ҳушдор дода буд, ки гармиҳои шадид то 23 июл идома меёбад.
Ин ниҳод аз сокинон хоста буд, ки тайи рӯзҳои гарм бештар мувозиби кӯдакон ва калонсолон бошанд.