https://sputnik.tj/20220722/safir-dimishq-bozgasht-tojikistoniyon-suriya-1050179634.html
Сафир дар Димишқ бозгашти тоҷикистониён аз Сурияро баррасӣ кард
Сафир дар Димишқ бозгашти тоҷикистониён аз Сурияро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо дипломат ва генерали суриягӣ - ноиби президенти ин кишвар масъалаи баргардондани тоҷикистониёнро ба Ватан ба миён гузоштааст 22.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-22T13:16+0500
2022-07-22T13:16+0500
2022-07-22T17:56+0500
дар тоҷикистон
сурия
бозгашт
шаҳрвандон
сиёсат
генерал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/16/1050179478_0:119:900:625_1920x0_80_0_0_960e1e7733c6a74c384323e6ae8de28a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо Башар Ҷафарӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия ва генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии ин кишвар мулоқот анҷом додаст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқотҳо дар Димишқ сурат гирифтаанд. "Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки қаблан хабар дода шуд, ки коршиносони СММ ба 57 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, муроҷиатнома барои баргардондани шаҳрвандон аз Сурияро фиристода буд. Теъдоди хориҷиёне, ки дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд, даҳҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони кишвар дар урдугоҳҳои "Ал-Ҳавз" ва "Ар-Равз", ки дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои курд ҷойгиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.Ба иттилои вазир, масъалаи бозгашти тоҷикон аз урдугоҳҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифин дар ин кишвар баррасӣ шуда буд.Пештар Тоҷикистон даҳҳо нафар занону кӯдаконро аз Сурия баргардонданд ва ба иттилои мақомот корбарӣ дар ин самт идома дорад.
https://sputnik.tj/20220720/bayoniyai-rusiya-turkiya-eron-suriya-1050118980.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/16/1050179478_0:35:900:710_1920x0_80_0_0_25c06cfe1ac9092e032f1d17c542b818.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сурия, бозгашт, шаҳрвандон, сиёсат , генерал
дар тоҷикистон, сурия, бозгашт, шаҳрвандон, сиёсат , генерал
Сафир дар Димишқ бозгашти тоҷикистониён аз Сурияро баррасӣ кард
13:16 22.07.2022 (Навсозишуда: 17:56 22.07.2022) Сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо дипломат ва генерали суриягӣ - ноиби президенти ин кишвар масъалаи баргардондани тоҷикистониёнро ба Ватан ба миён гузоштааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо Башар Ҷафарӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия ва генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии ин кишвар мулоқот анҷом додаст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқотҳо дар Димишқ сурат гирифтаанд.
"Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан хабар дода шуд, ки коршиносони СММ ба 57 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, муроҷиатнома барои баргардондани шаҳрвандон аз Сурияро фиристода буд.
Теъдоди хориҷиёне, ки дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд, даҳҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони кишвар дар урдугоҳҳои "Ал-Ҳавз" ва "Ар-Равз", ки дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои курд ҷойгиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба иттилои вазир, масъалаи бозгашти тоҷикон аз урдугоҳҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифин дар ин кишвар баррасӣ шуда буд.
Пештар Тоҷикистон даҳҳо нафар занону кӯдаконро аз Сурия баргардонданд ва ба иттилои мақомот корбарӣ дар ин самт идома дорад.