Вокуниши толибон ба гузориши СММ

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Сухангӯи ҳукумати толибон гузориши дафтари намояндагии СММ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистонро хилофи воқеиятҳои айнии ҷомеаи Афғонистон донист
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ахиран Дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонситон дар як гузорише зимни ибрози нигаронӣ аз боздошт ва қатлҳои худсаронаи шаҳрвандони ин кишвар тавассути нерӯҳои Толибон аз нақзи ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар бораи таҳсил ва кор тавассути толибон интиқод кардааст.
Дар ин бора радиои тоҷикии Садои Хуросон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи давлати Толибон дар Твиттер бо интиқод аз гузориши СММ онро хилофи воқеъиятҳои айнии ҷомеъаи Афғонистон донистааст.
“Агар касе муртакиби қатл ва иқдомоти худсарона шавад, муҷрим пиндошта мешавад ва бо бархурди шаръи мувоҷеҳ хоҳад шуд”,- гуфт Муҷоҳид
Оқои Муҷоҳид иттиҳомҳои боздошт ва кушторҳои худсарона дар Афғонистонро қатъиян рад кардааст.
Пеш аз ин низ СММ аз вазъияти ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Вазири хориҷаи толибон: Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шуд
Таҳқиқоти пешини СММ низ ҳамвора аз сӯйи давлати Толибон рад шуда буд.
Бояд қайд кард, ки поймол шудани ҳуқуқи занон дар Афғонистон ин кишварро дар феҳрасти бадтарин ҷамоҳири ҷаҳон дар ростои риояти ҳуқуқи инсон қарор додааст
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни толибон дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.
Лентаи хабарҳо
0