Шиносномаи Афғонистон боз ҳам беэътибортарин тазкираи ҷаҳон шинохта шуд

© PouyaПаспорт гражданина Афганистана
Паспорт гражданина Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Бар асоси гузориш “Шохиси шиноснома Ҳенлӣ”, шиносномаи афғонистонӣ аз беэътибортарин асноди муаррификунандаи ҳувият дар ҷаҳон будааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бар асоси гузориш “Шохиси шиноснома Ҳенлӣ”, ки ҳамасола феҳристи эътибор шиносномаи кишварҳои ҷаҳонро раддабанди мекунад, Афғонистон дар раддаи ахир қарор гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, тозатарин радаи бандии эълом шуда барои шиносномаи кишварҳои ҷаҳон, ки бар пояи шохис "Ҳенлӣ" анҷом шуда, нишон медиҳад, ки Ҷопон ҳамчун соли гузашта дорои қудратмандтарин шиносномаи ҷаҳон аст.
Шохиси “Ҳенлӣ” рутбаи бандии шиносномаи 199 кишвари ҷаҳонро анҷом додааст, ки бар асоси он Ҷопон бо муътабартарин шиноснома дар садр ва Афғонистон дар интиҳои ҷадвал қарор гирифт.
Дар ин рутбабандӣ, ки ахиран нашр шудааст, шиносномаҳои Афғонистон, Ироқ ва Эрон бо камтарини эътибор дар поини ҷадвал қарор гирифтанд.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Вазири хориҷаи толибон: Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шуд
Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ба тартиб ва бо эътибори ҳамсон дар ҷойгоҳи дувуми ин эътборснҷӣ қарор гирифтанд.
Миёни кишварҳои ховари миёна шиносномаи Имороти муттаҳидаи арабӣ бо касби ҷойгоҳи понздаҳум, боэътибортарин шиноснома шинохта шуд.
Пеш аз ин низ шиносномаи Афғонистон аз нигоҳи эътибор дар интиҳои ҷадвал буд.
Муассисаи " Ҳенлӣ ва Шарко" ҳар сол ду бор бар пояи додаҳои ҷамъоваришуда аз Анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ ва низ иттилоотӣ, ки аз таҷзияву таҳлили қавонини раводид ва иттилоот мустанади ҷаҳонӣ ба даст меояд, иқдом ба интишори радабандии қавитарин шиносномаҳои ҷаҳон мекунад.
Муҳимтарин шохис барои таҳияи ин радабандӣ теъдод кишварҳое аст, ки бо ҳар паспорт метавон бидуни раводид ба онҳо сафар кард.
Лентаи хабарҳо
0