https://sputnik.tj/20220721/nishast-saron-kishvarho-osiyo-markazi-dushanbe-1050154106.html
Нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Чорумин нишасти машваратии руасои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ота баргузор шуд ва Тоҷикистон раисис баъдии ин ҷаласаро ба зима гирифт
2022-07-21T14:22+0500
2022-07-21T14:22+0500
2022-07-21T17:28+0500
дар тоҷикистон
душанбе
ом
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152778_0:168:2835:1763_1920x0_80_0_0_669e49f9721eae96e9db02c42da4cba7.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Нишасти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад.Дар ин бора Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон зимни сухани интиҳоияш дар чаҳорумин нишасти машваратии президентҳо имрӯз 21 июл дар Чолпон-Ота баргузор шуд, изҳор доштМаврид ба зикр аст, ки ҳамкорӣ дар таҳкими амният ва иқтисод аз мавзуъҳои аслии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, маркази вилояти Исиқкӯл буд.Ҳамзамон дар ин ҷаласа сарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон "Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI"-ро имзо карданд. Гуфта мешавад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин созишномаро имзо мекунанд. Мақомот умедворанд, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар минтақа хоҳад шуд.Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли 2021 мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.
https://sputnik.tj/20220721/jabborov-osiyoi-markazi-khud-ghizo-tamin-1050147947.html
душанбе
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152778_130:0:2705:1931_1920x0_80_0_0_ff2d0bc23837c5320d6b035ed209d12a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишаст сарон кишварҳо осиёи марказӣ душанбе
нишаст сарон кишварҳо осиёи марказӣ душанбе
Нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад
14:22 21.07.2022 (Навсозишуда: 17:28 21.07.2022) Чорумин нишасти машваратии руасои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ота баргузор шуд ва Тоҷикистон раёсати баъдии ин ҷаласаро ба зимма гирифт
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Нишасти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон зимни сухани интиҳоияш дар чаҳорумин нишасти машваратии президентҳо имрӯз 21 июл дар Чолпон-Ота баргузор шуд, изҳор дошт
"Ман бо хушнудӣ раисии ҷаласаи машваратии ҷашниро ба Тоҷикистон месупорам. Ба Эмомалӣ Шарипович раёсати бомуваффақият ва пурсамар таманно дорам. То ҷаласаи навбатӣ дар Душанбе", - гуфт раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкорӣ дар таҳкими амният ва иқтисод аз мавзуъҳои аслии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, маркази вилояти Исиқкӯл буд.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа сарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон "Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI"-ро имзо карданд.
Гуфта мешавад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин созишномаро имзо мекунанд.
Мақомот умедворанд, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар минтақа хоҳад шуд.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли 2021 мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.