Футболбози тоҷик гаронарзиштарин бозигари бошгоҳи эронӣ шуд

© Кова ТилавпурТаджикский футболист Эхсони Панджшанбе
Таджикский футболист Эхсони Панджшанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Яке аз беҳтарин нимҳимоятгарони Осиёи Марказӣ фаъолияти худро дар Эрон идома медиҳад. Ӯ вақти кофӣ барои бозӣ хоҳад дошт, то истеъдоди худро ошкор кунад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе аз “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ба “Зубоҳан”-и Эрон гузашт ва гаронарзиштарин бозигари даста шуд.
Ба иттилои портали Transfermarkt, арзиши бозории нимҳимоятгар 700 ҳазор евро, дар ҷои дуюм Баҳман Солории эронӣ – 450 ҳазор евро ва дар ҷойи севум ҳамватани ӯ Муҳаммади Хурейшӣ – 350 ҳазор евро қарор дорад.
Арзиши умумии тамоми даста тақрибан 5,45 миллион евроро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, Эҳсон ягона легионери "Зубоҳан" аст.
Аз рӯи ҷамъбасти мавсими гузашта клуб дар ҷадвали ҷамъбастӣ ҷои 8-умро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки нимҳимоятгари тоҷик қаблан дар ҳайати “Навбаҳор”, ки дар Суперлигаи Ӯзбекистон қарор дошт, бозӣ мекард.
Олимпийская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Бозори гарми легионерҳо тоҷик: кӣ куҷо рафт?
Дар он ҷо ӯ 2- солро сипарӣ кард. Дар ин давра ба Эҳсон муяссар шуд, ки ба яке аз бозигарони пурарзиши лига табдил ёбад.
Дар мавсими аввал ӯ 2723 дақиқа бозӣ карда, тавонист 2 гол занад ва ҳамон миқдор партоби головар дошта бошад.
Дар бозии охирин вазъияти футболбоз баъди иваз шудани сармураббӣ бадтар шуд. Дар поёни мавсим варзишгар тасмим гирифт, ки дастаашро иваз кунад ва ба бошгоҳи эронӣ ба маблағи 0,5 миллион доллар гузашт.
Дафтари матбуоти "Зубохан" ӯро беҳтарин нимҳимоятгари Осиёи Марказӣ номидааст.
Бояд гуфт, ки нимҳимоятгар аз соли 2016 то соли 2020 дар тими футболи бошукӯҳи тоҷик “Истиқлол” бозӣ кардааст.
Дар он ҷо ӯ тавонист ҷоизаи инфиродӣ барои беҳтарин бозигари кишвар дар соли 2018-ро бигирад ва бо ин даста борҳо қаҳрамони Тоҷикистон, соҳиби Ҷом ва Суперҷоми ва инчунин финалисти Ҷоми AFC шудавад.
Лентаи хабарҳо
0