Замина барои табаддулот нест: Тошиев шарҳ дод, ки кай инқилобҳо рух медиҳанд

© Пресс-служба правительства Кыргызстана / Алишер АлиевПредседатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, дар ин кишвар замина барои инқилобу табаддулот ҷой надорад, чун ҳукумат ба нафъи мардум кор мекунад
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Овозаҳо атрофи он ки тирамоҳ ё баҳор дар Қирғизистон инқилоб мешавад, поя надоранд ва ҳарфи дӯстдоштаи онҳоест, ки курсӣ нагирифтаанд.
Ин нуктаро Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон дар суҳбат бо нашрияи "Сиёсат"-и кишвараш баён доштааст.
Ӯ гуфтааст, заминаи инқилобҳо дар натиҷаи фасодкории ҳукумат, дуздӣ ва тақаллубкорӣ дар интихобот фароҳам мешавад.
Вай афзудааст, ки дар Қирғизистон, мақомот интихоботи одилона баргузор мекунанд, бо фасод мубориза мебаранд, гунаҳкоронро зиндонӣ мекунанд, маблағҳои дуздидаро бармегардонанд, маошу нафақаро зиёд мекунанд ва буҷаро пурра мегардонанд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Тоҷикистон гуфтанд, аломатгузории марзро бо Қирғизистон чӣ гуна ҳал мекунанд
Тошиев аз ҷумла бартарафсозии фасод дар гумрукро мисол овардаст, ки минбаъд даромад ба буҷаи давлат ворид шуда истодааст, на ба кисаи афроди алоҳида. Вай ҳамчунин далели интихоботи одилонаро, интихоб шудани ду фарзанди Алмосбек Отамбоев, собиқ президент ва феълан маҳбуси Қирғизистон ба мақоми вакиллӣ гуфт.
"Ҳеч гоҳ онҳо наметавонистанд, вакил шаванд, агар интихобот бо фармон аз боло баргузор мешуд", - таъкид кард ӯ.
Тошиев изҳор дошт, ки вазифаи давлат ҳифзи манфиатҳои сиёсатмадорон нест, ки 5 нафар пайрав доранд, балки ҳимоят аз давлат ва хидмат ба аксарияти мардум аст.
Ӯ изҳор дошт, ки тамоми корро мекунанд, то боиси норозигии мардум набошанд, чун молу сарват намехоҳанд, балки бо кори некашон мехоҳанд дар таърихи кишварашон монанд.
Лентаи хабарҳо
0