Рубли русӣ боз қимат шуду доллар арзон: Охирин хабар аз бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры США и монеты номиналом один рубль.
Денежные купюры США и монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Тайи чанд рӯзи ахир қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ тамоюли гароншавӣ дорад. Вале қурби доллар дар бозори арзи кишвар боз коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, 1000 рубл 172,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 171,8 сомонӣ арзиш дошт.
Аммо пули аврупоӣ тамоюли гароншавиро нишон медиҳад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10,5881 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10,5108 сомонӣ сомонӣ барои як евро муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз ҳам харобтар шудааст. Доллар боз коҳиш ёфтааст. Агар як рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.3798 сомонӣ муаян шуда буд, имрӯз бошад дар сатҳи 10.3490 муқаррар шудааст.
Долларовые купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Коршинос гуфт, кадом омил метавонад долларро то 80 рубл бирасонад
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 172,5 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 172,5 ва дар фурӯш 175 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 172,5 сомонӣ мехараду ба ивази 175,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 160 ва ҳангоми фурӯш 174,5 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0