Мулоқоти Путин бо Раисӣ ва Хоманаӣ

© POOL / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Иран
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Кишвардори Русия зимни сафари кориаш ба Теҳрон бо раисҷумҳури Эрон ва раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Нахуст Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия, ки ахироан ба Теҳрон сафар кард пас аз вуруд ба фурудгоҳ озими ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ шуд ва бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Руасоиҷумҳури Эрону Русия дар бораи густариши беш аз пеши равобит дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла энержи, транзит ва мубодилоти тиҷорӣ ва низ таҳавулоти минтақа гуфтугӯ карданд.
Пас аз гуфтугӯҳои Раисӣ ва Путин, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ба дидори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рафтанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба ҳамроҳи Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон бо оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Путин вориди Теҳрон шуд
Раисҷумҳури Русия барои ҳузур дар ҳафтумин нишасти раванди Остона ё сулҳи Сурия ба Теҳрон сафар карда аст.
Дар нишасти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия раисони ҷумҳурии се кишвар дар бораи таҳавулоти ахири дар Сурия ва мубориза бо терроризм аз ҷумла зидди ДИИШ ва ПКК ва бозгашти довталабонаи паноҳандагон аз Сурия ба хонаҳои хеш гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи гузашта ба Теҳрон сафар кард.
Лентаи хабарҳо
0