https://sputnik.tj/20220720/ekolog-rais-sughd-bui-bad-khujand-ahmadzoda-1050139908.html
Эколог ба раиси Суғд сарчашмаи бӯйи бад дар Хуҷандро нишон дод: дастури Аҳмадзода
Эколог ба раиси Суғд сарчашмаи бӯйи бад дар Хуҷандро нишон дод: дастури Аҳмадзода
Sputnik Тоҷикистон
Мушкили бӯи ғализ дар Хуҷанд ду сол боз бо мақомдорони шаҳр ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар миён гузошта мешавад, аммо то ҳол ҳал нашудаст
2022-07-20T21:00+0500
2022-07-20T21:00+0500
2022-07-21T14:03+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
бӯйи бад
хуҷанд
раҷаббой аҳмадзода
дастур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032343728_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_3c93a6236bddb0aec74233b654360989.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сабаби бӯй гирифтани шаҳри Хуҷандро аз масъулини экология пурсид. Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди бӯй дар Хуҷандро ба уҳдаи Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Идораи экологияи Суғд вогузошт. Ҳакимзода дар шарҳи сарчашмаи бӯй гуфт, дар наздикии сарҳади шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 фермаҳои паррандапарварӣ ташкил карда шудаанд, ки ба истеҳсоли тухм ва гушти мурғ машғуланд. Ӯ ҳамчунин аз камбудӣ дар бахши партовтозакунӣ гуфт, ки солҳои охир бо сабаби афзоиши шумори аҳолӣ ҳаҷми партов зиёд шудааст. Мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд ду сол ба ин тараф пайдо шуда, бо вуҷуди муроҷиатҳои пайваста ба мақомдорон ҳалношуда боқӣ мондаст. Сокинони Хуҷанд мегӯянд, бӯи ғализ одатан субҳгоҳон ва шом маҳаллаҳоро фаро мегирад. Сокинон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар ин вақт, ки айни салқинии рӯз аст, дару тирезаи хонаҳояшонро кушода наметавонанд. Ин масъала ҳамчунин мояи нороҳатии меҳмонону сайёҳон арзёбӣ шуд. Дар пайи баррасии масъала, раиси вилояти Суғд ба масъулони Идораи экология ва Маркази санитарию эпидемиологии вилоят дастур дод, ки ба маҳалли паҳншавии бӯи ғализ раванд ва ҳар чи зудтар ин мушкилро бартараф намоянд.
https://sputnik.tj/20220408/khujand-bui-ghaliz-1047473322.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032343728_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_6df121289752b44cd770504ea9b449c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, аҳмадзода, бӯй, хуҷанд, бартарафсозӣ
дастур, аҳмадзода, бӯй, хуҷанд, бартарафсозӣ
Эколог ба раиси Суғд сарчашмаи бӯйи бад дар Хуҷандро нишон дод: дастури Аҳмадзода
21:00 20.07.2022 (Навсозишуда: 14:03 21.07.2022) Мушкили бӯйи ғализ дар Хуҷанд ду сол боз бо мақомдорони шаҳр ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар миён гузошта мешавад, аммо то ҳол ҳал нашудаст
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сабаби бӯй гирифтани шаҳри Хуҷандро аз масъулини экология пурсид.
Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди бӯй дар Хуҷандро ба уҳдаи Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Идораи экологияи Суғд вогузошт.
Ҳакимзода дар шарҳи сарчашмаи бӯй гуфт, дар наздикии сарҳади шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 фермаҳои паррандапарварӣ ташкил карда шудаанд, ки ба истеҳсоли тухм ва гушти мурғ машғуланд.
"Мутаасифона аз ҳисоби саривақт тоза накардани партови ин корхонаҳо бӯи ғализ аз он маконҳо пайдо шуда, тавассути шамол ба ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини Хуҷанд паҳн мегардад" - гуфт масъули экологияи Суғд.
Ӯ ҳамчунин аз камбудӣ дар бахши партовтозакунӣ гуфт, ки солҳои охир бо сабаби афзоиши шумори аҳолӣ ҳаҷми партов зиёд шудааст.
Мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд ду сол ба ин тараф пайдо шуда, бо вуҷуди муроҷиатҳои пайваста ба мақомдорон ҳалношуда боқӣ мондаст.
Сокинони Хуҷанд мегӯянд, бӯи ғализ одатан субҳгоҳон ва шом маҳаллаҳоро фаро мегирад. Сокинон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар ин вақт, ки айни салқинии рӯз аст, дару тирезаи хонаҳояшонро кушода наметавонанд. Ин масъала ҳамчунин мояи нороҳатии меҳмонону сайёҳон арзёбӣ шуд.
Дар пайи баррасии масъала, раиси вилояти Суғд ба масъулони Идораи экология ва Маркази санитарию эпидемиологии вилоят дастур дод, ки ба маҳалли паҳншавии бӯи ғализ раванд ва ҳар чи зудтар ин мушкилро бартараф намоянд.