https://sputnik.tj/20220719/rusiya-jalasai-eron-mushkiloti-suriyaro-1050107750.html
Русия умед дорад, ҷаласа дар Эрон мушкилоти Сурияро ҳал хоҳад кард
Русия умед дорад, ҷаласа дар Эрон мушкилоти Сурияро ҳал хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури ҳалли мушкилоти Сурия гуфт, кишвараш умедвор аст, мушкилоти Сурия бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад
2022-07-19T21:10+0500
2022-07-19T21:10+0500
2022-07-19T21:10+0500
дар русия
эрон
туркия
теҳрон
сурия
ҳал
мушкилот
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157061_0:179:2995:1864_1920x0_80_0_0_a8c668f0c432eb630cbfc29404e3f98c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Александр Лаврентев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия, ахиран гуфтааст, ки Маскав умедвор аст, нишасти сегона дар Эрон мушкили Сурияро тавассути гуфтугӯ ҳал хоҳад кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”."Русия талош дорад, раҳбарияти Туркияро мутақоид созад, то барои ҳалли мушкилот ба усулҳои зӯроварӣ даст назанад, балки тасмим бигирад, бо роҳи гуфтугӯ, тавассути муколамаи ҷонибҳои манфиатдор мушкилоти пешомадаро ҳал намояд. Мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқоти се ҷониба - ба рушди ин мушкилот дар самти дурусти гуфтугӯҳои сиёсӣ мусоидат хоҳад кард”, - гуфт Лаврентьев дар шабакаи телевизионии аввали Русия.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия вориди шаҳри Теҳрон шуд.Владимир Путин қарор аст, дар ин сафари худ як силсила дидорҳо бо раҳбарияти олии Эрон анҷом диҳад.Ҳамчунин дар назар аст, ки Путин бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ мулоқот кунад. Инчунин дар ин сафар музокирот сеҷонибаи роҳбарони Русия, Эрон ва Туркия дар назар аст.“Нахуст раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва баъдан бо раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот хоҳад кард. Баъдан Владимир Путин бо ҳамтои туркиаш гуфтугӯи алоҳида хоҳад дошт”, - таъкид кардааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20220719/putin-voridi-tehron-shud-1050105505.html
эрон
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157061_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_49004e997eb84045582f723a654ab30a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сурия, туркия, эрон, мушкилот, ҳалл, раисҷумҳур
русия, сурия, туркия, эрон, мушкилот, ҳалл, раисҷумҳур
Русия умед дорад, ҷаласа дар Эрон мушкилоти Сурияро ҳал хоҳад кард
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия гуфт, кишвараш умедвор аст, мушкилоти Димишқ бо роҳи дипломатӣ ҳал мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Александр Лаврентев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия, ахиран гуфтааст, ки Маскав умедвор аст, нишасти сегона дар Эрон мушкили Сурияро тавассути гуфтугӯ ҳал хоҳад кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Русия талош дорад, раҳбарияти Туркияро мутақоид созад, то барои ҳалли мушкилот ба усулҳои зӯроварӣ даст назанад, балки тасмим бигирад, бо роҳи гуфтугӯ, тавассути муколамаи ҷонибҳои манфиатдор мушкилоти пешомадаро ҳал намояд. Мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқоти се ҷониба - ба рушди ин мушкилот дар самти дурусти гуфтугӯҳои сиёсӣ мусоидат хоҳад кард”, - гуфт Лаврентьев дар шабакаи телевизионии аввали Русия.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия вориди шаҳри Теҳрон шуд.
Владимир Путин қарор аст, дар ин сафари худ як силсила дидорҳо бо раҳбарияти олии Эрон анҷом диҳад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Путин бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ мулоқот кунад. Инчунин дар ин сафар музокирот сеҷонибаи роҳбарони Русия, Эрон ва Туркия дар назар аст.
“Нахуст раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва баъдан бо раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот хоҳад кард. Баъдан Владимир Путин бо ҳамтои туркиаш гуфтугӯи алоҳида хоҳад дошт”, - таъкид кардааст манбаъ.