https://sputnik.tj/20220719/peshnihod-bolo-burdani-sin-ronandagi-tojikiston-1050100795.html
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тарҳи нави қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешниҳод шудааст, ки феълан дар мувофиқаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор дорад
2022-07-19T21:40+0500
2022-07-19T21:40+0500
2022-07-19T21:40+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
вуд
садама
сониҳа
рамазон раҳимзода
шаҳодатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047330509_329:376:2647:1680_1920x0_80_0_0_0a84b743597f3a6a6b3dbe90cacc195e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон тарҳи нави қонун дар мавриди қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пешниҳод кардааст, хабар дода шуд зимни нишасти матбуотии ВУД. Ба иттилои манбаъ, феълан тарҳи қонун дар мувофиқа миёни идораю вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки дар тарҳи пешниҳодшуда аз ҷумла масъалаи баланд бардоштани синни додани шаҳодатномаи ронандагӣ дар миён гузошта шудааст. Ин нукта дар посух ба масъалагузории рӯзноманигорон баён дошта шуд, ки бисёри садамаҳо бо иштироки ронандаҳои ҷавон рух медиҳанд. Феълан маълум нест, ки то куҷо боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон барои коҳиши теъдоди садамаҳо мусоидат менамояд. Айни ҳол қонунгузории Тоҷикистон синни додани шаҳодатномаи ронандагиро 18 муқаррар кардааст. Пешниҳодҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
https://sputnik.tj/20220617/vkd-sabab-sadama-avtobus-moshinisabukrav-sadbarg-sharh-1049295570.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047330509_500:449:2446:1908_1920x0_80_0_0_cc26312bf1335398a5926f88112928af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳтимол, боло, син, ронандагӣ
эҳтимол, боло, син, ронандагӣ
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тарҳи нави қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешниҳод шудааст, ки феълан дар марҳалаи мувофиқат бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон тарҳи нави қонун дар мавриди қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пешниҳод кардааст, хабар дода шуд зимни нишасти матбуотии ВУД.
Ба иттилои манбаъ, феълан тарҳи қонун дар мувофиқа миёни идораю вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки дар тарҳи пешниҳодшуда аз ҷумла масъалаи баланд бардоштани синни додани шаҳодатномаи ронандагӣ дар миён гузошта шудааст.
Ин нукта дар посух ба масъалагузории рӯзноманигорон баён дошта шуд, ки бисёри садамаҳо бо иштироки ронандаҳои ҷавон рух медиҳанд. Феълан маълум нест, ки то куҷо боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон барои коҳиши теъдоди садамаҳо мусоидат менамояд.
Айни ҳол қонунгузории Тоҷикистон синни додани шаҳодатномаи ронандагиро 18 муқаррар кардааст.
Пешниҳодҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.