https://sputnik.tj/20220719/maktab-tojikiston-omuzgor-vazir-mushkil-jahoni-1050092691.html
Дар мактабҳои Тоҷикистон 3400 омӯзгор намерасад: вазир мегӯяд, ин мушкили ҷаҳонӣ аст
Дар мактабҳои Тоҷикистон 3400 омӯзгор намерасад: вазир мегӯяд, ин мушкили ҷаҳонӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маорифи кишвар аз камбуди кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар хабар дода, гуфт ки ин мушкили ҷаҳонӣ аст, на танҳо Тоҷикистон
2022-07-19T11:09+0500
2022-07-19T11:09+0500
2022-07-19T11:37+0500
дар тоҷикистон
маориф
омӯзгор
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:172:400:397_1920x0_80_0_0_a38758486049d4e3cf58a04b0e9e2739.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, макотиби Тоҷикистон ҳоло ба 3400 омӯзгор ниёз дорад.Ӯ дар ин бора 19 июл дар шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш иттилоъ дод.Ин дар ҳолест, ки дар нишасти ахиран ин вазорат шаш моҳ қабл аз норасоии 2100 омӯзгор хабар дода буд.Ҳамин тариқ макотиби Тоҷикистон зарфи ним сол боз ба 1200 муаллими дигар ниёз пайдо кардааст. Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро 14 ҳазор нафар бо равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки 7 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷет таҳсил мекунанд. Саидзода гуфт, ки онҳо дар навбати аввал ба мактабҳо ба кор мераванд. Илова бар ин, 700 нафари дигар низ тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки ба кор ҷалб карда мешаванд. Ӯ тамоюли тарки касб кардани омӯзгоронро як мушкили ҷаҳонӣ номид ва гуфт, ки онҳо мераванд ба ҷойи онҳо каси дигар меояд ва мо инро пайгирӣ дорем. Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220715/khujand-noshunavoyon-maktab-1050007283.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:165:326:410_1920x0_80_0_0_430b35ecbfbf364b607152274527bf51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактабҳо тоҷикистон омӯзгор мушкил
мактабҳо тоҷикистон омӯзгор мушкил
Дар мактабҳои Тоҷикистон 3400 омӯзгор намерасад: вазир мегӯяд, ин мушкили ҷаҳонӣ аст
11:09 19.07.2022 (Навсозишуда: 11:37 19.07.2022) Вазири маорифи кишвар аз камбуди кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар хабар дода гуфт, ки ин мушкили ҷаҳонӣ аст, на танҳо аз Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, макотиби Тоҷикистон ҳоло ба 3400 омӯзгор ниёз дорад.
Ӯ дар ин бора 19 июл дар шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш иттилоъ дод.
Ин дар ҳолест, ки дар нишасти ахиран ин вазорат шаш моҳ қабл аз норасоии 2100 омӯзгор хабар дода буд.
Ҳамин тариқ макотиби Тоҷикистон зарфи ним сол боз ба 1200 муаллими дигар ниёз пайдо кардааст.
Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро 14 ҳазор нафар бо равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки 7 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷет таҳсил мекунанд.
Саидзода гуфт, ки онҳо дар навбати аввал ба мактабҳо ба кор мераванд.
Илова бар ин, 700 нафари дигар низ тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ӯ тамоюли тарки касб кардани омӯзгоронро як мушкили ҷаҳонӣ номид ва гуфт, ки онҳо мераванд ба ҷойи онҳо каси дигар меояд ва мо инро пайгирӣ дорем.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.