Истиқболи Путин дар фурудгоҳи Теҳрон – видео

Обуна шудан
Кормандони фурудгоҳи Теҳрон дар аввал натавонистанд зинапояро ба ҳавопайморо ба васл кунанд. Барои ҳалли мушкилот тақрибан 15 дақиқа масраф шуд
Дар фурудгоҳи Теҳрон раисҷумҳури Русияро мақомоти эронӣ истиқбол гирифтанд.
Барои истиқболи Путин қаровули фахрӣ саф кашид ва барои роҳравии ӯ қолини сурх андохта шуд . Бо вуҷуди ин дар протоколи як мушкилии кучаук сурат гирифт.
Дар кӯшиши аввал зинапояи пӯшида ба ҳавопаймо пайваст нашуд. Дар баробари зинапоя кормандони фурудгоҳ қолини сурхро, ки махсус барои омадани Путин гузошта шуда буд, ҳамвор мекарданд.
Путин вориди Теҳрон шуд
Ин мушкилоти протоколи зиёда аз 15 дақиқа тӯл кашид. Дар тамоми ин муддат раисиҷумҳури Русия дар ҳавопаймо нишаста буд ва ҳайати пешвозгирон дар назди ҳавопаймо интизори меҳмон буданд.
Пас аз рафъи мушкилоти фаннӣ Владимир Путин аз ҳавопаймо берун омад ва бо пешвозгирон салом карду ба мошини “Aurus”, ки ӯро интизор буд, савор шуд.
Қарор аст, Владимир Путин дар Теҳрон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ, раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ ва ҳамчунин бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ кунад.
Дар пайи мулоқотҳои дуҷониба музокирот дар шакли Русия-Эрон-Туркия сурат мегирад. Интизор меравад, ки раҳбарони се кишвар дар пайи ин мулоқот изҳорот ироа кунанд.
Лентаи хабарҳо
0