Пешгӯии Бонки миллӣ дар бораи сатҳи таваррум то охири сол

© Sputnik / Владимир ТрефиловУровень инфляции
Уровень инфляции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон азм дорад, сатҳи таваррум дар ҷумҳуриро давоми соли равон дар сатҳи пешбининамудаи ҳукумат нигоҳ дорад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки сатҳи таваррумро дар соли равон ба андозаи 6% ҷамъ ва тарҳи 2% нигоҳ дорад.
Ин нуктаро Фирдавс Толибзода, ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай дар зимн таъкид намуд, ки сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ аз омилҳои гуногуни берунӣ низ вобаста аст.
Иддаои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи сатҳи таваррум дар доираи нишондоди пешбинишуда дар ҳолест, ки таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме афзоиш ёфтааст.
Золотые слитки и деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Тоҷикистон захираи асъору тилояшро зиёд кард
Аз ҷумла ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, таваррум дар ҷумҳурӣ тайи 6 моҳи аввали соли равон дар нисбат ба ҳамин давраи сол гузашта 0,2% зиёд гашта, 4,1%-ро ташкил дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки сатҳи таваррум аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 7% ва маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 2,3% зиёд гашт.
Ҳукумати кишвар сатҳи таваррумро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 6% пешбинӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввал суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 1,3% коҳиш ёфта, ба 7,4% баробар шуд.
Лентаи хабарҳо
0